Чаро истилоҳоти форсӣ байнулмилалӣ ҳастанд, вале истилоҳоти тоҷикӣ байнулмилалӣ нестанд?

Зеро истилоҳоти форсиро Фарҳангистони забону адаби форсӣ месозад ва тасвиб мекунад, ки ҳамроҳ бо Пажӯҳишгоҳи улуму фанноварии иттилоъоти Эрон узви Маркази истилоҳшиносии байнулмилалии ЮНЕСКО (INFOTERM) аст. Русия низ узви ин Марказ аст. Вале Тоҷикистон узви ин Марказ нест ва истилоҳоташ дар фарҳангҳои тахассусии чандзабона овардаву таъриф намешаванд то дар барномаҳое чун Google Translate баробари истилоҳоти илмии байнулмилалӣ ниҳода шаванд.

Мо ду роҳ дорем: ё истилоҳоти форсиро ба кор бигирем ва ё узви Инфотерм шавем ва истилоҳоти тоҷикиро дар Инфотерм сабт кунем. Роҳи аввал ба назарам осонтар менамояд, зеро бо фарҳангҳои тоҷикӣ бисёр сарукор дорам ва медонам, ки лабрез аз ғалат ҳастанд.

Рубрика: Uncategorized | Оставить комментарий

Сохтвожа чист ва вожаҳои узбакисохт кадоманд?

Сохтвожа ё сарф шохае аз дастури забон аст, ки ба сохтори вожаҳо мепардозад. Барои мисол, вожаҳои ду сутуни зерро дар назар мегирем:

Сутуни 1Сутуни 2
ҳунарҳунарманд
ҳушҳушманд
донишдонишманд

Вожаҳои сутуни 2, ки бо афзудани пасванди «-манд» бар вожаҳои сутуни 1 сохта шудаанд, ҳамагӣ сифат ҳастанд ва мафҳуми дорандагии чизеро мерасонанд: ҳунарманд = дорои ҳунар; ҳушманд = дорои ҳуш; донишманд = дорои дониш.

Чунон ки мебинем, вожаҳои сутуни 2, ки дорои сохтори «исм + -манд» ҳастанд, аз назари маънӣ ва, дар натиҷа, аз назари мақулаи дастурӣ пешбинипазиранд. Ба ин тартиб аз сарф таърифи дигаре низ метавонем ба даст диҳем:

Сарф шохае аз дастури забон аст, ки ба баррасии робитаи миёни сурат ва маъно дар даруни вожа мепардозад [1].

Акнун бо корбурди ин таъриф вожаҳои узбакисохтро таъбир мекунем.

Вожаҳои узбакисохт сурати форсӣ доранд, вале маъное надоранд. Барои намуна:

Машваратчӣ = машварат + чӣ.

Машварат яъне салоҳандешӣ, ройзанӣ, мушовира. Ин вомвожа аз арабиро ҳар форсизабоне медонад. Вале пасванди «-чӣ» маъное надорад, ки мафҳуми рой задану мушовира карданро ба машварат бидиҳад.

Аз ин рӯ, «машваратчӣ» ва дигар вожаҳое, ки бо пасванди туркии «-чӣ» сохта шудаанд, «вожаҳои узбакисохт» ҳастанд.

Вожаҳои форсисохти тоҷикӣ маънову мафҳуме доранд. Вожаҳои узбакисохт дар забони форсии тоҷикон на маъно доранду на мафҳум. Аз корбурди онҳо бояд парҳез кард.

Манобеъ:

1. Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0.

Рубрика: Забони порсӣ, вожагузинӣ, вожасозӣ | Метки: | Оставить комментарий

Коршинос: барои пешгирӣ аз даргирӣ ва хунрезӣ дар марз се роҳ аст

Кашмакашҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳи пойбандии ҳар ду тараф ба таъаҳҳудоти худ ҳалл мешаванд.

Тоҷикистон то кунун борҳо пойбандии худ ба таъаҳҳудотро собит кардааст. Чунончи, ҳар бор заминҳоеро, ки Қирғизистон иҷора гирифтаву пас намедиҳад, дар паи задухӯрди марзӣ пас мегирад, вале чун пойбанд ба таъаҳҳудоти байнулмилалӣ бо Қирғизистон аст, онҳоро бозпас медиҳад. Эҳтимолан, Қирғизистон ин пойбандии Тоҷикистонро нармиву тоҷикӣ мепиндорад, ки ҳар аз гоҳе ҳама таъаҳҳудотро зери по мекунад ва даргирӣ роҳ меандозад.

Аммо барои пешгирӣ аз даргирӣ ва хунрезӣ дар марз се роҳ аст:

1. Ҳукумати Қирғизистон ба дасти сиёсатмадорони воқеъгаро бигзарад, ки муҳол аст.

2. Ин сиёсатмадорон ба таъаҳҳудоти кишвари худ пойбанд бошанд, ки муҳолтар аз он аст.

3. Марз бо Қирғизистон бояд дақиқ марзнигорӣ ва аломатгузорӣ шавад.

Чун ҳукумат дар Қирғизистон ҳар чанд сол як бор миёни гурӯҳҳои фурсатталаб даст ба даст мешавад, умеде ба ҳалли мусолиматомези кашмакашии марзӣ намемонад. Бино бар ин, Тоҷикистон набояд сарзаминҳои пасгирифтаашро ба Қирғизистон бозпас диҳад ва онҳоро дар музокирот мавзуъи муъомила қарор диҳад.

Рубрика: Uncategorized | Оставить комментарий

Қӯшун

«Қӯшун» вожаест муғулӣ (qošun сипоҳ’ < «qošiγun» ‘пешрав’) [1:2061], ки дар забони тоҷикӣ баробар бо «войска» дар забони русӣ гирифта шудааст [2:26].

Аммо ончи русҳо «войска» мегӯянд, дар нерӯҳои мусаллаҳи Эрон «нерӯ» номида мешавад [3:293]. «Қӯшун»-ро дар Эрон 90 сол пеш аз ин бо «артиш» ҷойгузин карданд. Мо «артиш»-ро аз эрониҳо гирифтем, вале ҳеч аз «қӯшун» дил намеканем. Чунончи, эрониҳо «нерӯи заминӣ» мегӯянд [3:294] ва мо «қӯшунҳои хушкигард» [2:27], ки тарҷумае ғалат аз «сухопутные войска» аст. Эрониҳо «нерӯи ҳавоӣ» мегӯянд [3:295] ва мо «қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ» [2:23], ки тарҷумае ҳарф ба ҳарф аз «военно-воздушные силы» аст. Эрониҳо «нерӯи дарёӣ» [3:294] мегӯянд ва мо «қувваҳои ҳарбии баҳрӣ» [2:23], ки боз ҳам тарҷумае ҳарф ба ҳарф аз «военно-морские силы» аст. Эрониҳо «нерӯҳои марзбонӣ» [3:367] мегӯянд ва мо «қӯшунҳои сарҳадӣ» [2:27], ки ин ҳам ба тақлид аз «пограничные войска» тарҷума шудааст.

«Шоҳнома» бар эрониҳо ҳалол аст. Моро бо ин муғулзабониямон Худо бигирад.

Манобеъ:
1. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383, ҷ. 3.

2. Фарҳанги русӣ тоҷикии луғати истилоҳоти ҳарбӣ. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2018.

3. Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972.

Рубрика: Забони порсӣ, артишдорӣ, вожагузинӣ, вожасозӣ | Метки: , , | Оставить комментарий

Худсолории кишвар ва забони миллӣ

Дар кишвари худсолор истилоҳоти расмии коргузории давлату ҳукумат бояд вожаҳои забони миллӣ бошанд. Корбурди истилоҳоти бегонае чун конститутсия, суд, прокуратура, милитсия, полковник, генерал дар коргузории давлату ниҳодҳояш ҳаргуна сухан аз истиқлолро лофу беҳуда мегардонад.

Ҳар касе аз худсолории Тоҷикистон сухане мегӯяд, бояд истилоҳоти тоҷикии қонуни асосӣ, додгоҳ, додгустарӣ, шаҳрбонӣ, сарҳанг, солор ва дигарҳоро ба кор барад.

Худсолории кишвар аз бозгӯии андешаи кишвардории миллӣ ба забони миллӣ оғоз меёбад.

Рубрика: Забони порсӣ, вожагузинӣ | Метки: , | Оставить комментарий

Пасванди туркии «-чӣ»

Бархе аз адабиётшиносҳо гумон кардаанд, ки пасванди туркии «-чӣ» ҳамреша аст бо пасванди эронии «-чӣ : -ҷӣ» (дар порсии миёна: -žīg < -čīk; дар паҳлавӣ: -žīk; дар суғдӣ: -čīk), ки аз пасванди «-аči-ka-» дар эронии бостон рӯидааст. Вожаҳои «тозӣ» (форсии дарӣ: tāzī < порсии миёна: tāzīg < *tā(y)čīk); «тоҷик» (форсии дарӣ: tājīk < суғдӣ: tāžīk < паҳлавӣ: *tāžīk < *tā(y)čīk), «сарҷик» (cуғдӣ: sarčīk), «занданеҷӣ» (суғдӣ: zandanečīk), «сагзӣ» (sagzīg < sakzīk < *saka-čīk), «розӣ» (rāzī < rāzīg < *rāyačīk < rāga- + -аči-), «марвазӣ» (marvazī < marvazīg аз *margu- + -аči-), «миёнҷӣ» (miyānjig < mayānčīk) бо он сохта шудаанд[1].

Вале «аълочӣ», «хизматчӣ», «забончӣ», «адабиётчӣ», «таърихчӣ», «иқтисодчӣ», «колхозчӣ», «машваратчӣ», «ёрдамчӣ», «сохтмончӣ», «иҷрочӣ», «судиҷрочӣ» ва монандашон бо пасванди туркии «-чӣ» сохта шудаанд, ки дар забони мо чунин корбурдро надорад. Мо «хидматкор», «хидматгузор», «хидматкунанда», «забондон», «забоншинос», «забонпажӯҳ», «адабиётшинос», «таърихдон», «таърихнигор», «иқтисоддон», «мушовир», «ройзан», «ёвар», «сохтмонсоз», «муҷрӣ» ва «додварз» дорем.

Пасванди «-чӣ» дар забонҳои туркӣ (!) ба исми ашё, исми макон ва исми маънӣ мепайвандад ва умуман исмҳое месозад, ки бар маъноҳои зер далолат мекунанд:

1. ба номи маводу маҳсулот мепайвандад ва бар фурӯшанда ё тавлидкунандаи онҳо далолат мекунад: темирчӣ, тутунчӣ

2. ба номи макону созмонҳо мепайвандад ва бар шахсе далолат мекунад, ки дар онҳо машғул ба кор аст: гумрукчӣ, колхозчӣ.

3. ба номи абзорҳову васоилу номи бархе ҷонварон афзуда мешавад ва бар шахсе далолат мекунад, ки шуғл ё фаълияти доимии ӯ кор бо ин васоил ё ҷонварон аст: тӯпчӣ, қотирчӣ.

4. ба бархе исмҳои маънӣ мепайвандад ва шуғл ё фаъолияти доимиро мерасонад: қочоқчӣ, ҷорчӣ[2].

Ин корбурдҳо ҳама дар забонҳои туркӣ ҳастанд ва дар забонҳои эронӣ ё корбурде надоранд ва ё вожаҳои туркии дорои ин пасванд вом гирифта шудаанд.

Вожасозӣ бо пасванди «-чӣ», ки намунаашро болотар овардем, дар замони шуравӣ ва ба тақлид аз вожасозии узбакӣ ривоҷ ёфт. Акнун аз он бояд даст кашид ва вожасозии дурусти форсиро ба кор гирифт.

Манобеъ:

1. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6. ҷ. 3, с. 1714.

2. Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0. – с. 87.

Рубрика: Забони порсӣ, вожагузинӣ, вожасозӣ | Метки: | Оставить комментарий

Сарвон

Сарвон (форсӣ: سروان‎) — дараҷае афсарӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣниҳодҳои низомӣинтизомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз таҳморо ва поинтар аз саргурд дорад ва баробар бо новсарвон дар нерӯи дарёӣ аст.

Сарвон

Сардӯшии сарвон дар Нерӯи заминӣ
Кӯтаҳнивиштфорсӣ: سروان
Кишвар Tajikistan
Дараҷаи болотарСаргурд
Дараҷаи поинтарТаҳморо
ҲамтоНовсарвон
 Эрон سروان
 Русия Капитан[1]
 ИМА Captain 
NATO OF-2

Вожашиносӣ

«Сарвон» ба маънои «саркардасардор»[4] аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: сар (форсӣ: سر‎ > порсии миёна: sar-порсии бостон: sarah-) + -вон (форсӣ: وان-‎ > порсии миёна: -vānпаҳлавӣ: pāna- ‘нигаҳбонпосбон’ > эронии бостон: *√pā- ‘поиданнигаҳбонӣ кардан’ + -van[5]), ки гунае дигар аз пасванди «-бон» аст, ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳбон»-ро мерасонад[6]. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (сар-) + пасванд (-вон)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

Пешина

Сарвон ҳамчун мақоми фармондеҳӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву садабад (порсии бостон: *θata-pati-) ном дошт, ки фармондеҳи сада (порсии бостон: *θata-) буд[7]. Ҳар сада аз 10 даҳа (порсии бостон: *daθa-) ташкил мешуд ва 100 сарбозро дар бар мегирифт.

Сада дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224 милодӣ), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[8]васт (паҳлавӣ: wast) ном гирифта ва фармондеҳи он васт-солор (паҳлавӣ: wast-sālār) хонда мешуд[9].

Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651 милодӣ) низ ҳамин радабандӣ ба кор мерафта, вале ин ягон вашт (порсии миёна: wašt) хонда мешудаву 500 сарбозро дар бар мегирифта ва фармондеҳаш вашт-солор (порсии миёна: wašt-sālār) номида мешудааст[10].

Дар сипоҳи аморати Бухоро фармондеҳи даста, ки 100 сарбозро дар бар мегирифт, юзбошӣ (форсӣ: یوزباشی‎ туркӣ: jüzbaši «сардори сад лашкарӣ») номида мешуд[11]. Ин мансаб дар сипоҳи Эрон дар замони подшоҳии дудмонҳои Сафавӣ, Афшор, Занд ва Қоҷор низ вуҷуд дошт ва дар солҳои поёнии подшоҳии Қоҷориён дар паи ислоҳоти низомӣ ба рутба табдил ёфт ва султон (ар. سلطان‎) номида шуд. Ин рутба 25 майи соли 1935 бо таъйиду тасвиби Фарҳангистони забон бо дараҷаи низомии «сарвон» ҷойгузин шуд[12].

Ҳамакнун «сарвон» дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дараҷае баробар бо «капитан» (аз фр. capitaine > лот. capitaneus «сардорсаркарда») дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст[13], ки 22 сентябри соли 1935 дар Нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ ҷорӣ шуда буд.

Манобеъ:

  1.  Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 171; 428. — 655 с. — 3 500 экз.
  2.  Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.5 январи 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  3.  Коллектив авторов. Том 7, статья «Рота» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2003. — С. 282-283. — 735 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-001874-X.
  4.  ДеҳхудоАлиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.
  5.  Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-57-6. ҷ. 3, с. 1728—1729.
  6.  ТаботабоӣАлоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. – 116. ISBN 978-600-105-121-0.
  7.  W. Hinz, Altiranisches Sprachgut der Nebenüberlieferungen, Wiesbaden, 1975, p. 87
  8.  Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  9.  Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—75 январи 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 сентябри 2021.
  10.  Kaveh FarrokhGholamreza KaramianKatarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  11.  Троицкая А. Л. Военное дело в Бухаре в первой половине XIX в. // Труды АН Тадж. ССР. Т. 17. с. 213
  12.  Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314—1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 38
  13.  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
  14.  Defense Logistics Agency. Insignia, Rank, Lieutenant, U.S. Navy and Captain, U.S. Marine CorpsQuick Search Assist. Building 4/D, 700 Robbins Avenue, Philadelphia, PA 19111-5094: DLA Document Services (27 May 2016).
Рубрика: артишдорӣ, вожагузинӣ, дараҷаҳои низомӣ | Метки: , , | Оставить комментарий

Умед Ҷайҳонӣ: Агар раисҷумҳур тасмим гираду дастур диҳад, рутбаҳои низомӣ бечунучаро миллӣ мешаванд

17:55, 23 феврал Муаллиф: Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Дар 29-умин солгарди бунёди Артиши миллӣ «Азия-Плюс» мавзуъи радд шудани тарҳи баробарии тоҷикии рутбаҳои низомӣ аз сӯйи ҳукуматро бори дигар ба баҳс кашид.

Ахиран раиси Кумитаи забону истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадзода дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ки ҳукумат тарҳи пешниҳодии миллӣ ё тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомии Артишро напазируфт. Бархеҳо инро ба маънои поёни баҳси ин тарҳи пурсарусадо дар долонҳои ҳукумат ва ҳамин тур дар ҷомеа маънидод карданд.

Аммо Умед Ҷайҳонӣ, пажӯҳишгар ва донишманди тоҷик, ки аз мубтакирони ин тарҳ буду баробариҳои тоҷикии рутбаҳои низомии Неруҳои Мусаллаҳро сохта буду тарҳи пешниҳодии ӯ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҳамеша ин гуна пешниҳодҳоро ба сахтӣ қабул мекунад, аммо ин маънои даст кашидан аз ин гуна тарҳҳои миллӣ ва миллатсозиро надорад. 

Ба назари ин пажуҳишгар, вақте дар оғози Истиқлол равшанфикроне чун Тоҳири Абдуҷаббор пешниҳод мекарданд, ки бояд Артиши миллӣ ва пули миллӣ дошта бошем, ниме аз ҷомеа ба по мехест. Аммо имрӯз доштани артиш ва пули миллӣ яке аз ифтихороте ҳаст, ки тамоми мардуми кишвар ба он менозад. Ҳамин тариқ он рӯз хеле дур нест, ки ин тарҳ ҳам пазируфта мешавад.

Иршод Сулаймонӣ сарнавишти тарҳи пешниҳодӣ ва ояндаи миллӣ шудану нашудани рутбаҳои низомӣ дар артишро бо Умед Ҷайҳонӣ дигарбора ба баҳс кашид. 

Фикр мекунед, чаро Ҳукумат баробарҳои тоҷикии рутбаҳои низомиро напазируфт? Далели аслӣ чист?

— Далели аслии қабул нашудани дараҷаҳои низомии тоҷикиро ин медонам, ки Ҳукумат иродаи сиёсӣ барои ин корро надорад, ҳарчанд тарҳи тоҷикисозии дараҷаҳо аз тасмимҳои Вазорати дифоъ аст, ки ниҳоде аз ҳамин Ҳукумат аст. Аз дигар сӯ, хуб шуд, ки сохтаҳои коргурӯҳи муштараки вожагузинии Кумитаи забону истилоҳот ва Вазорати дифоъ қабул нашуданд, зеро ҳам аз нигоҳи вожасозӣ ва ҳам аз нигоҳи истилоҳгузинӣ ишколу эрод доштанд.

Тавре медонем, Шумо як тарҳи ҷомеътарро пешниҳод карда будед. Гуфта будед, ки номи ягонҳо ва дараҷаҳои низомиро аз сипоҳи Ашкониёну Сосониёну Сомониён ва бар пояи “Шоҳнома” сохтед? Ҳамчунин гуфта будед, ки ин корро ниҳодҳои интизомии мо аз Шумо хоста буданд. Пас чаро сарнавишти ин кори бисёр замонгиру заҳматталаб, норӯшан монд?

— Ман бо пешниҳоди Кумитаи забону истилоҳот узви Коргурӯҳи муштараки вожагузинӣ шуда будам, ки нуҳ намоянда аз Вазорати дифоъ низ дошт. Ман тарҳи худро, ки бо пайравӣ аз усули пайванди таърихӣ ва ҷонишинии давлатҳо ва ҳамгунсозиву стандартисозии истилоҳоти низомӣ дар миёни кишварҳои форсизабон таҳия карда будам, дар ихтиёри ин коргурӯҳ гузоштам. Аммо коргурӯҳ он тарҳро асос қарор доду худ вожаҳоеро сохту пеш ниҳод. Чунончи, ман пешниҳод карда будам, ки «отделение» бо «гурӯҳ» ва рутбаҳои сержантӣ бо «гурӯҳвар», «гурӯҳдор», «гурӯҳбон» ва «саргурӯҳбон» ҷойгузин шаванд. Аммо коргурӯҳ «отделение»-ро  бо «даста» ҷойгузин карду аз он даставар, дастаёр, дастабон ва сардаста сохт, ки на бо равишҳои вожасозӣ созгоранд ва на бо равишҳои истилоҳгузинӣ. Ҳамчунин Коргурӯҳ прапоршикро бо силаҳбон ва прапоршики калонро бо сарсилаҳбон ҷойгузин кард, ки вожаҳои муносибе нестанд.

Бавижа, пешниҳоди «таҳамтан» ба ҷои «капитан» ришханд кардан ба тарҳи миллисозии дараҷаҳои низомӣ асту бас. Мардум ин сохтаҳоро ба масхара гирифт ва тарҳи тоҷикисозии дараҷаҳои низомии Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ беобрӯ шуд. Хушбахтона, Ҳукумат низ ин сохтаҳоро қабул накард ва фурсате ба даст омад, ки ҷойгузинҳои пешниҳодӣ барои дараҷаҳои сержантӣ ва прапоршикӣ бознигарӣ шаванд.        

Дар як суҳбати пешин, дар посух ба суоли мо дар ин бора ки, оё иродаи лозим барои миллӣ кардани баробарҳои тоҷикии истилоҳоти низомӣ вуҷуд дорад, Шумо гуфта будед, ки ин бастагӣ ба шахси раисҷумҳур дорад. Ҳоло чӣ посухе ба ин суол доред?

— Ҳамчунон бар ин боварам, ки агар раисҷумҳур тасмим гираду дастур диҳад, ин тарҳ бечунучаро иҷро мешавад. Дар Тоҷикистон ягона тасмимгиранда раисҷумҳур аст. Дигарон тасмимҳоро иҷро мекунанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мехонам, ки Шумо ҳануз умедвор ҳастед, ки ин тарҳ пазируфта мешавад ва ба соли оянда, 30-солагии таъсиси артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол ишора мекунед? Ин бовармандӣ ё хушбоварӣ аз куҷост?

— Ин бовар бар амалкарди Ҳукумат дар ростои иҷрои Қонуни забони давлатӣ дар ниҳодҳои кишвардорӣ бунёд ёфтааст. Чунончи, дар 30 сол дар Тоҷикистон корҳое шуданд, ки касе бовар надошт рӯзе чунон шавад, зеро мепиндоштанд, ки миллат ва давлат омода нестанд. Аммо таҷриба собит кард, ки муҳим омода будан нест, балки тасмимгирии сиёсӣ муҳим аст. Барои намуна, метавон аз тасмимгирӣ барои илзомӣ шудани корбурди забони давлатӣ дар ниҳодҳои кишвардорӣ ва номгузории миллӣ барои шаҳрвандон ёд кард.

Ба тарҳи пешниҳоди Шумо ва ҳатто ба тарҳе, ки Кумитаи забону истилоҳот сохт, тохту тозу турктозиҳо зиёд шуд. Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ Шумо баҳсҳои зиёде ба мухолифини миллисозии рутбаҳои низомӣ доштед. Фикр мекунед, чаро ин тарҳ ин қадр мухолиф дорад?

— Мухолифон ду гурӯҳанд: яке низомиён ва дигаре ғайри низомиён. Низомиён ба ин далел мухолифат мекунанд, ки ба вожаву истилоҳоти русӣ одат кардаанд. Вале ночоранд аз фармон итоъат кунанд ва агар Сарфармондеҳи Олии Нерӯҳои Мусаллаҳ фармони тоҷикисозии дараҷаҳоро бидиҳад, ҷон-ҷон гуфта онҳоро ба кор хоҳанд гирифт.

Аммо ғайри низомиён ҳеч далеле барои мухолифат надоранд. Зеро дараҷаҳои низомӣ истилоҳоти тахассусии низомиён ҳастанд, на вожаҳои умумӣ. Ин ки тоҷикисозии дараҷаҳо ҳазина дорад, далел намешавад аз он даст кашид, зеро кишвардорӣ ва артишдорӣ бе ҳазина намешавад. Ҳар барномае низомӣ, ки Ҳукумат тасвиб мекунад, ҳазинааш аз будҷаи Вазорати дифоъ пардохт мешавад. Хӯроку пӯшоки сарбозонро ҳам Вазорати дифоъ таъмин мекунад, на ман, ки бархе сарзанишам мекарданд, ки ин мушкилотро мондаву рутбасозӣ мекунам. Ин эроду сарзанишҳо далел надоранд.

Мешавад равиш ва таърихи ҷустору пажӯҳишатон барои таҳияи ин тарҳро бозгӯ кунед. Бояд ҳатман ҷолиб бошад.

— Тарҳе, ки ман таҳия кардаам, бо пайравӣ аз усули пайванди таърихӣ ва ҷонишинии давлатҳо ва ҳамгунсозиву стандартисозии истилоҳоти низомӣ дар миёни кишварҳои форсизабон таҳия шудаву ду бахш дорад: яке номгузории ягонҳои нерӯҳои мусаллаҳ ва дигаре номгузории дараҷаҳои низомӣ.

Дар бахши якум вожаҳои рада, таҳм, вашт, гурдон, ҳанг, гунд, лашкар, сипоҳ ва артиш ба тартиб ба ҷои истилоҳоти русии отделение, взвод, рота, баталион, полк, бригада, дивизия, корпус ва армия гирифта шудаанд. Аз ин миён, рада, таҳм, вашт ва гунд истилоҳоти таърихӣ ва номи ягонҳои размии сипоҳи Ашкониёну Сосониён ҳастанд. Аммо гурдон, ҳанг, лашкар, сипоҳ ва артишро аз нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гирифтем, ки худ аз «Шоҳнома» гирифта шудаанд. Ин истилоҳот барои нахустин бор дар улуми низомии Тоҷикистон таъриф ҳам дода шуданд.

Дар бахши дувум аз он вожаҳо барои фармондеҳони ягонҳои артишӣ, ба тартиб, дараҷаҳои размдор, таҳмдор, сарвашт, саргурд, сарҳанг, гундсолор, лашкарсолор, сипаҳсолор ва артишсолор сохта шудаанд, ки баргирифта аз истилоҳоту лақабҳо ва мансабҳои низомии сипоҳи Ашкониён, Сосониён, Сомониён ва дараҷаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳастанд ва ё аз рӯи онҳо сохта шудаанд. Истилоҳоти таърихиро аз осори куҳан ва ҷустору пажӯҳишҳои таърихнигорон ба забонҳои форсӣ, инглисӣ ва русӣ пайдо карда ва вожаҳои навро дар пайравӣ аз онҳо ва бо равишҳои вожасозии илмӣ ва истилоҳгузинӣ сохтаам.

Дар зер вирости ниҳоии ҷойгузинҳои пешниҳодии худро меоварам, ки бо виростҳои пешин тафовут дорад. Чунончи, барои дараҷаҳои сержантӣ ва прапоршикӣ ҷойгузинҳои нав пешниҳод мешаванд, ки аз «разм» ‘ҷанг, набард, пайкор’ бо равиши вандафзоӣ сохта шудаанд:

Дараҷаҳои низомии пешниҳодӣ

Номи дараҷаҳои низомӣ

кунунӣпешниҳодӣманбаъ
Қаторӣ (Курсант)Сарбоз (Размомӯз)навсохта аз рӯи «донишомӯз»
ЕфрейторРазмюзбаргирифта аз «Шоҳнома»
Сержанти хурдРазмоварбаргирифта аз «Шоҳнома»
СержантРазмдорсохташуда аз рӯи «сипаҳдор» дар «Шоҳнома»
Сержанти калонРазморосохташуда аз рӯи «лашкароро» дар «Шоҳнома»
СтаршинаРазмозмобаргирифта аз «Шоҳнома»
ПрапоршикРазмпардозбаргирифта аз «Тафсири Ҳусайнӣ» аз Ҳусайн Воъизи Кошифӣ
Прапоршики калонРазмсозбаргирифта аз «Шоҳнома»
Лейтенанти хурдТаҳмоварнавсохта аз рӯи «размовар» дар «Шоҳнома»
ЛейтенантТаҳмдорбаргирифта аз сипоҳи Ашкониёну Сосониён
Лейтенанти калонТаҳморонавсохта аз рӯи «лашкароро» дар «Шоҳнома»
КапитанСарваштнавсохта аз рӯи «сарҳанг» ва «ваштсолор» дар сипоҳи Ашкониёну Сосониён
МайорСаргурдбаргирифта аз нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва «Фарҳанги забони тоҷикӣ»
ПодполковникСарҳангёрнавсохта аз рӯи «сарҳангшумор» дар сипоҳи Сомониён
ПолковникСарҳангбаргирифта аз сипоҳи Сомониён ва «Шоҳнома»
Генерал-майорГундсолорбаргирифта аз сипоҳи Ашкониёну Сосониён
Генерал-лейтенантЛашкарсолорбаргирифта аз «Шоҳнома»
Генерал-полковникСипаҳсолорболотарин мақом дар сипоҳи Сомониён
Генерали артишАртишсолорнавсохта аз рӯи «артишторонсолор» – болотарин мақом дар сипоҳи Сосониён
Номи ягонҳои артишӣ
кунунӣпешниҳодӣманбаъ
ОтделениеРадабаргирифта аз сипоҳи Ашкониёну Сосониён ва «Шоҳнома»
ВзводТаҳмбаргирифта аз сипоҳи Ашкониёну Сосониён
РотаВаштбаргирифта аз сипоҳи Ашкониёну Сосониён
БаталионГурдонбаргирифта аз «Шоҳнома» ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон
ПолкҲангбаргирифта аз нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва «Фарҳанги забони тоҷикӣ»
БригадаГундбаргирифта аз сипоҳи Ашкониёну Сосониён ва «Шоҳнома»
ДивизияЛашкарбаргирифта аз сипоҳи Сосониёну Сомониён ва «Шоҳнома»
КорпусСипоҳбаргирифта аз сипоҳи Ашкониён, Сосониён ва Сомониён ва «Шоҳнома»
АртишАртишбаргирифта аз нерӯҳои мусаллаҳи Эрон

Умедворам ин вожаҳо дар ояндае начандон дур расман дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба кор гирифта шаванд. Миллате, ки таърихе чандҳазорсола ва «Шоҳнома» дорад, ҳатман бояд дараҷаҳои низомии миллӣ ва шоҳномаӣ дошта бошад.

Мо ҳам ҷонибдорем. Умедворам ояндаи наздик хеле дур нест.

Рубрика: артишдорӣ, вожагузинӣ, вожасозӣ, дараҷаҳои низомӣ | Метки: , , | Оставить комментарий

Размсозон

Прапоршикҳо дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дастае аз низомиён ҳастанд, ки дараҷае болотар аз сержантҳо (размоварон) ва поинтар аз лейтенантҳо (таҳмдорон) доранд ва ёварони афсарон ҳастанд. Ба ҳамин далел онҳо дар бархе аз кишварҳо «афсарёр» номида мешаванд.

Дараҷаи прапоршикӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ду рутба дорад [Қонуни ҶТ]:

  1. прапоршик
  2. прапоршики калон

Мақоми созмонии (штатная должность) прапоршикҳо маъмулан «меҳтари вашт» (старшина роты) аст [Ойинномаи хидмат] ва онҳо кормандони хадамоти омод (материально-техническое обеспечение) ва корпардозони омодгоҳ (тыловое обеспечение) ҳастанд ва масъулияти омодасозии сарбозону размафзору ҷангафзорҳоро бар уҳда доранд [Ойинномаи инзиботӣ].

Меҳтар мақоме расмӣ дар ҳар вашт (оташбор) аз нерӯҳои мусаллаҳ аст, ки созмондиҳандаи мустақими назму тартибот дар маҳалли истиқрори вашт ва сардори мустақими размоварону сарбозони ягони худ аст.

Омод (آماد āmād < *ā-māta < √*1mā- санҷидан, андоза гирифтан, оростан; сохтан’ [Ҳасандӯст, 1:108]) дар улуми низомӣ чунин таъриф шудааст:
1. маҷмуъае аз чораҳо барои таъмини ниёзи нерӯҳо ба афзоргон, таробарӣ, хӯрок, пӯшок ва дигар пешниёзҳо ба манзури нигаҳдошти омодагии размӣ ва тавоноии онҳо барои анҷоми маъмуриятҳо ва вазоифи ҳаррӯзаашон аз роҳи тарроҳӣ, тавсеъа, фароҳамсозӣ, анбориш, интиқол ва тавзеъи маводу колоҳо, ҷобаҷоӣ, тахлия ва бистарӣ кардани нерӯҳо дар сурати лузум;
2. фароҳамсозӣ, сохту нигаҳдорӣ ва ҷобаҷоии таҷҳизот ва хадамотрасонӣ дар заминаҳои моддӣ, таробарӣ, муҳандисии фурудгоҳӣ, фаннӣ-ҳавопаймоӣ, пизишкӣ, домпизишкӣ, хариду фурӯш, хонаву иқомат ва дороӣ [Ҳазорвожа, 1392:46].

Омодгоҳ ё «служба тыла» созмоне дар артиш аст, ки масъули фароҳамсозӣ, нигаҳдорӣ ва таҳвили хӯроку пӯшоку ҷангафзорҳои мавриди ниёзи ягонҳост; маҳалли анҷоми хадамоти пуштибони фаннии нерӯҳо [Фарҳангнома, 1:91].

Бо таваҷҷуҳ ба мақоми созмонӣ ва масъулияти ин низомиён, ду вожаро барои ҷойгузинии рутбаҳои прапоршикӣ пешниҳод мекунем:

  1. прапоршик = размпардоз
  2. прапоршики калон = размсоз

Ин вожаҳо аз «разм» ‘ҷангнабардпайкор’ сохта шудаанд, ки он дар порсии миёна низ «razm» ва дар эронии бостон «*raźman ороиши ҷангӣ’ буда, ки дар «Авесто» чун «rasman-» ‘ороиши ҷангӣ, рада’ омада ва решааш √*raź— ‘оростантартиб доданназм доданидора кардан’ аст [Ҳасандӯст, 3:1442]. 

«Размпардоз» аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии он исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + асоси замони ҳозираи феъли «пардохтан» (пардоз) аст. Дар сохти ин вожа аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст:
разм + пардоз (форсӣ: پرداز‎ < порсии миёна: pardāz : pardāxtan пардохтан, анҷом додан’ < порсии бостон: *para-tāča- < √*tak-тохтан’)] [Ҳасандӯст, 2:654].

Ин вожа низ дар осори адабии форсӣ ба маънои «разманда, ҷанговар» ба кор рафтааст. Чунончи, Ҳусайн Воизи Кошифӣ онро дар «Тафсири Ҳусайнӣ» овардааст:

Зи як ҷониб гурӯҳе размпардоз,
Зи дигар сӯй ҷамъе дар таку тоз.
Дар уфтоданд ҳамчун шери ғуррон,
Ба гурзу найзаву шамшери буррон.

Аз ин рӯ, «размпардоз» дар қиёс бо «корпардоз» ба маънои «размпардозанда; яъне корпардозе, ки сарбозону размафзорҳоро барои ҷанг омода мекунад» баробар бо прапоршик гирифта шуда, ки мақоми созмонии ин низомиёнро дар силсиламаротиби низомӣ бозтоб медиҳад.

«Размсоз» низ аз ду бахш сохта шудаву мақулаи дастурии он исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + асоси замони ҳозираи феъли «сохтан» (соз)] аст. Дар сохти ин вожа аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст: 
разм соз  (форсӣ: ساز‎ < порсии миёна: č : sāxtan сохтан, омода кардан, тартиб додан’ < порсии бостон: *sāča- < √*sak-омода будан, тавонистан’)] [Ҳасандӯст, 3:1636].

«Размсоз» таркибе аз «разм сохтан» ба маънии «омодаи ҷанг шуданасбоби разм сохтанфароҳам овардани абзори ҷангба ҷанг пардохтанҷанг карданразм карданҷангидан» аст ва ба маънии «ҷанговарсипоҳӣсозандаи ҷангомодакунандаи набард» дар осори куҳани адабии форсӣ бисёр ба кор рафтааст [Фарҳанг, 2:116]. Чунончи, Фирдавсӣ ин вожаро борҳо ба кор бурдааст:

Биёмад ба наздики ман размсоз,
Чу пили дамон бо каманди дароз
 [Шоҳнома, 1:315].

Биёбон гирифтанду роҳи дароз,
Ҳама шуд чунон лашкари размсоз
 [Шоҳнома, 4:253].

«Размсоз» барои ҷойгузин кардани дараҷаи «прапоршики калон» ба Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда аст [Ҷайҳонӣ].

Манобеъ:

1. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2007. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ISBN 978-99947-32-84-5.

2. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол, https://dehkhoda.ut.ac.ir) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ».

4. Ойинномаи хидмати дохилии Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Ойинномаи инзиботии Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969.

7. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.

8. Фарҳангномаи форсӣ: вожагон ва аълом. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1388. — 3 ҷилд. ISBN: ҷ. 1: 978-964-8637-92-2; ҷ. 2: 978-964-8637-89-2; ҷ. 3: 978-964-8637-91-5.

9. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6.

10. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной

Рубрика: артишдорӣ, вожагузинӣ, вожасозӣ, дараҷаҳои низомӣ | Метки: , , | Оставить комментарий

Таҳморо

«Таҳморо» гузинае дигар барои ҷойгузинии дараҷаи лейтенанти калон аст, ки пештар барояш таҳмбонро пешниҳод карда будем. Таҳмбон ҳарчанд аз нигоҳи вожасозӣ ва сохтвожа дуруст аст, вале чун бо танбон ҳамовоӣ дорад, аз баҳраш мегузарем.

Пешопеш ёдоварӣ мекунем, ки таҳм ягоне размӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ аст, ки аз ду ё чанд рада ташкил шуда ва бахше аз вашт аст. Ин ягонро дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон русиёна взвод меноманд. Таҳм барои ҷойгузин кардани ҳамин взвод пешниҳод шудааст.

«Таҳморо» аз ду вожа сохта шудааст: таҳм оро. Мақулаи дастурии ин вожа исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (таҳм) + асоси замони ҳозираи феъли «оростан» (ороārāy < *ā-rāda— √*rād- омода кардан, оростан; тартиб додан’] [Ҳасандӯст, 1:32] аст. Дар сохти ин вожа аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

«Таҳморо» дар қиёс бо сипоҳоро, лашкароро ва разморо сохта шудааст, ки аз вожаҳои куҳани форсӣ ҳастанд. «Оростан» дар ин вожаҳо ба маънои «назму тартиб додан; омода кардан; сомон додан» аст [Сухан, 1:73].

«Сипаҳоро : сипоҳоро» дар фарҳангҳо «орояндаи сипоҳ; он ки сипоҳ омода кунад; фармондеҳи сипоҳ; сипаҳсолор» [Луғатнома, 1399д] ва «сипоҳороӣ» «назм додан ба нерӯи низомӣ» [Сухан, 5:4027] таъбир шудаанд.  

«Сипаҳоро» ба маънои «фармондеҳи сипоҳ» дар ашъори Фаррухӣ ба кор рафтааст:
Ба теғи он сипаҳорой нест хоҳад шуд,
Ҳар он касе ки намояд бад-ин мулк исён.

«Лашкароро» низ дар фарҳангҳо «орояндаи лашкармуназзамкунандаи лашкар; сардори лашкар» [Луғатнома, 1399д], «лашкаророяндаороишдиҳанда ва назмдиҳандаи лашкар; фармондеҳи лашкар» ва «лашкаророӣ» низ «амали назму тартиб додан ба лашкар ва омода кардани он барои ҷанг бо душман» таъбир шудаанд [Сухан, 7:6402].

«Лашкароро» ба маънои «фармондеҳи лашкар» борҳо дар «Шоҳнома» ба кор рафтааст:
Бад-ӯ гуфт Нӯзар, ки «Ин рой нест,
Сипаҳро чу ту лашкаророй нест [Шоҳнома, 1:429].

«Разморо» низ дар фарҳангҳо «разморояндабаҳодуре, ки дар набард кардан моҳир бошад; паҳлавоне, ки дар разм ҳунарманд бошад; фармондеҳе, ки муқадаммоти ҷангро омода созад; ороишдиҳанда ва танзимкунандаи майдони ҷангкасе, ки дар саффороӣ ва кори ҷанг варзидаву моҳир бошаддиловаре, ки дар ҷангу набард ҳунарнамоӣ кунад» [Луғатнома, 1399д]; «ҷангҷӯе, ки дар ҷанг ҳунарнамоӣ мекунадҷангҷӯи забараст» [Сухан, 4:3610] таъбир шудааст. Ин вожа дар ҳамин маъниву мафҳумҳо дар осори адабии форсӣ фаровон ба кор рафтааст. Чунончи, Низомӣ гуфтааст:
Ки эй фарзона шоҳону далерон,
Ҷаҳоноройу разморой шерон
[Луғатнома, 1399д].

Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин маъниву корбурдҳо, разморо ба маънои «фармондеҳи рада» баробар бо сержанти калон ниҳода шудааст.

Дар қиёс бо ин вожаҳо метавон «таҳморо»-ро низ ба маънои «фармондеҳи таҳм» гирифту дар баробари лейтенанти калон ниҳод. Дар ин сурат, баробарҳои тоҷикии дараҷаҳои лейтенантӣ чунин шакл хоҳанд гирифт:

  • лейтенанти хурд = таҳмовар
  • лейтенант = таҳмдор
  • лейтенанти калон = таҳморо

Манобеъ:

Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2007. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ISBN 978-99947-32-84-5

Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги «Сухан». Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ, Теҳрон: «Сухан», 1381 – . 8 ҷ. мусаввар. ISBN 964-6961-98-3 (давра).

Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол, https://dehkhoda.ut.ac.ir) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.

Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6.

Рубрика: артишдорӣ, вожагузинӣ, вожасозӣ, дараҷаҳои низомӣ | Метки: , , , | Оставить комментарий