Посухе ба расонаҳои Русия

— Кто в теремочке живёт? Кто в невысоком живёт?

— Я, лягушка-квакушка.

— Я, мышка-норушка.

— Я, петушок — золотой гребешок.

— Я, ёжик — ни головы, ни ножек.

Так тупо отмазывались от милиции таджики при проверке.

Ин «латифа» гуфтовардест аз ҳафтаномаи русии “Аргументы и факты” (№ 36 (1505), 2 – 8.09.2009, саҳ. 47) ки он ҳафта 2 679 596 шумора чоп шуда буд. “АиФ” яке аз пурхонандатарин расонаҳои чопии Русия аст ва афзун бар хонандагони чопи коғазияш, моҳиёна 3 – 4 миллион каси дигар торномаи онро низ мехонад. Шумораи хонандагони “АиФ” бо шумораи тоҷикон баробар аст ва аз онҷо ки “АиФ” пеш аз ин ҳам борҳо чунин “латифаҳоро” чоп карда буд, ҳар боре 7 миллион русиён бар ҳоли 7 миллион тоҷик механданд.

Гумон накунам, ки аз ин 7 млн хонанда бештарашон Зардушту Курушу Дориюшу Спитаману Абумуслиму Абуҳанифаву Рӯдакиву Фирдавсиву Синову Хайёму Саъдиву Ҳофизу  Румиву Ҷомиву Донишу Айниро шиносанд. Иванҳое, ки “не помнят родства”, куҷо парво доранд, ки устод Темур Зулфиқоров низ фарзанди ҳамин “черножопые чурки” аст. Гирди номи ин падарон ҳам гаштану “огромный вкладашон в человеческую культуру”-ро ба рухи русҳо кашидан беҳуда аст. Падари худ бояд шуд.

Бо “АиФ” ва “Якум” ва “ТНТ” дар Русия даст ба гиребон шудан осон нест. Онҳо пуштибони ҳуқуқиву моливу пулӣ доранд ва ҳар дастеро мешикананд. Мо озмудаем… Аммо ҳафтаномаи “АиФ” ва барномаҳои шабакаҳои телевизионии “Якум” ва “ТНТ” дар Тоҷикистон низ чопу пахшу намоиш дода мешаванд. Агар мо воқеан фарзандони ҳамон падарон бошем, пас бояд чопу намоиши ин расонаҳоро барои муддате дар кишвари худ боздорем. Чаро бояд расонае, ки моро дар хонаи худамон душному носазо мегӯяд, озодона чопу намоиш дода шавад?Бовар дорам, агар ин расонаҳо ҳафтае дар Тоҷикистон пул ба даст наоваранд, нармтар аз мум хоҳанд шуд. Ин кор шуданист.

Умеде ба давлату ҳукумату маҷлиси Тоҷикистон надорам, зеро… худатон медонед… Умедам ба фарзандони Зардушту Курушу Дориюшу Спитаману Абумуслиму Абуҳанифаву Рӯдакиву Фирдавсиву Синову Хайёму Саъдиву Ҳофизу  Румиву Ҷомиву Донишу Айнист. Агар чунин фарзандоне аз ин абармардон боз монда бошанд…

Умед Ҷайҳонӣ

15 фарвардини 1390 х. = 4 апрели 2011

ПН: Ин посух ҳамон ҳафтаву ҳамон сол (2009) навишта шуду буд, аммо мавзуяш ҳамчунон мубрам аст…

Реклама

Об авторе Умед Ҷайҳонӣ

дабири Анҷумани фарҳангӣ-рӯшангарии «Турон»
Запись опубликована в рубрике Uncategorized. Добавьте в закладки постоянную ссылку.

4 комментария на «Посухе ба расонаҳои Русия»

  1. Дуруд,
    Мояи хушҳолист, ки фарзонае чун Шумо сафҳае боз кардед ва моро мустафиди файзи навиштаҳо ва дидгоҳҳои нобатон қарор хоҳед дод. Дар паноҳи Худованди Маннон бошед!

  2. Сипосгузорам аз Шумо, домулло Сайидюнус! Умедворам аз Шумо ранг гирам ва Шумо барин барои мардуму кишварам судманд бошам.
    Падруд бошед!

  3. Салом Умедҷон,

    Торномаи нав муборак! Матлаби саривақтист. Боиси хушҳолист, ки акнун навиштаҳоятонро дар ин торнигори ҷадид мутолиа карда метавонам. Умедворам ва бовари дорам, ки ин макон пурмуҳтаво хоҳад буд!

    Муваффақ бошед!

    • Сипосгузорам аз Шумо, Иброҳимҷон!
      Умедворам навишторам хушатон ояд ва судманд бошад. Аз Шумо ҳамчунин умеди ҳамандешиву ҳамкорӣ дорам.
      Падруд бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s