Нишони Тоҷикистон бояд шер бошад!

22 фарвардини 1390 х.

Ин мусоҳиба бо Ҳумайробону Бахтиёр дар рӯзномаи “Озодагон”, шумораи 13 (173) аз 6 апрели 2011 мунташир шудааст.

Қарор аст ҷашни Наврўзи байналмилалӣ соли 2012 дар Тоҷикистон баргузор гардад. Бино бар иттилои хадамоти матбуотии дастгоҳи Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин тасмимро сарони кишварҳои ҷашнгирандаи Наврўз ҳангоми таҷлили ҷашни ҷаҳонии Наврўз дар шаҳри Теҳрон гирифтаанд.

Зимнан, дар имсол таҷлили Наврўз дар шаҳри Душанбе низ ранги дигар дошт. Дар қиёс бо солҳои гузашта дар пойтахти кишвар майдони вижаи “Наврўзгоҳ” бунёд шуда барои рангинтар намудани ҷашни Наврўз масъулин рамзи махсус интихоб карданд. Интишори рамзи Наврўзӣ вокунише дар пай дошт ва гурўҳе аз он истиқбол карда ва бархе дигар онро хуш напазируфтанд.

Дар ин мавзуъ cўҳбати ихтисосии Ҳумайрои Бахтиёрро бо  пажўҳандаи ному нишонҳо Умед Ҷайҳонӣ, дабири анҷумани фарҳангӣ-рўшангарии “Турон” дар Маскав, манзури хонандагон мегардонем.

—         Оқои Ҷайҳонӣ, чунон ки маълум аст, дар ҷашни гузаштаи Наврӯз Тоҷикистон барои он рамз интихоб намуд. Албатта қабл аз таҳия ва тасдиқи ин рамз эълонҳо дар бораи озмун дар расонаҳои хабарӣ интишор шуданд. Шумо аз он эълон огоҳӣ доштед?

—         Нахуст бояд ёдоварӣ кард, рамзе, ки шаҳрдории Душанбе тасвиб карда, танҳо намоди ҷашни “Наврузи байнулмилалии Душанбе” аст, на намоди Наврӯз. Аммо ман аз ин озмун дер огоҳ шудам ва рӯзе ҳам ки хабарашро дар сомонаи радиои “Озодӣ” хондам, дидгоҳамро ҳамон ҷо навиштам.

—         Шумо дар бораи ин рамз чӣ андеша доред? Пас аз тасвиби ин рамз дар расонаҳои гурӯҳии кишвар баҳсҳо сурат гирифтанд. Шумо, ки шахсан ин мавзуъро баррасӣ карда ва бисёр алоқаманд будед, лутфан назари худро дар мавриди ин рамз эълом медоштед… Оё то куҷо ин рамз бозгӯи таърих ва арзишҳои Наврӯзист?

—         Рамзи “Наврӯзи байнулмилалии Душанбе” аз назари рангу бору маъниву мўҳтаво хуб аст, аммо нигоришаш бисёр содаву ноҳанҷор мебошад. Ҳар намодшиносе, ки онро дида, шигифтзада шуда, ки оё магар тоҷикон набераҳои Мониву Беҳзод нестанд? Яке ҳам он рамзро “наққошии кӯдаки панҷсола” хонд. Ин рамз худ гувоҳ аст, ки масъулини Тоҷикистон худ ҳануз бузургиву фалсафаи Наврӯзро пай набурдаанд, аммо кӯшиш доранд онро бар дӯши ҷаҳониён бор кунанд…

—         Ба назари Шумо рамзи Наврӯзӣ чӣ камбуде дорад? Кадом ҷузъиёти ин рамз, ки шомили он ранг, сабза, шуълаи хуршед, даврашаклӣ, тоҷу ситораҳо ва навиштаҳо ҳастанд, ба назари Шумо изофӣ мебошад?

—         Чашмгиртарин камбудаш ин аст, ки Хуршедро пеш аз “сабзазор” ҷой додаанд, дар ҷое ки аз нигоҳи заминиён Хуршед ҳамеша аз пушти даште, кӯҳе, дарёе, ҷангале ё ҷое дигар мебарояд. Дигар камбудаш ин аст ки тарроҳон ҳеҷ рамзу намоди тоҷикии Наврӯзро ба кор набурдаанд. Наврӯз аз ҳазорон сол пеш рамзу намоде дошта ва маъруфтаринашон “Ҳафтсин” аст бо маънии вижаи ҳар “син”, яъне сабза, сирко, суманак, себ, сир, сумок, санҷид, сикка. Ин ҳафт “син” дар асл намоди ситорагони ҳафтгонаанд, зеро фаро расидани Наврӯз ва соли навро, ки падидае табиӣ ва кайҳонист, бар пояи дақиқтарин додаҳои ахтаршиносӣ ҷашн мегирифтанд. Дигар намодҳо низ будаанд, ки ҳанўз ҳам дар рустоҳои Тоҷикистон корбурд доранд ва тарроҳон бояд онҳоро дар назар мегирифтанд.

—        Агар шумо дар ин озмун ширкат мекардед, чӣ рамзеро пешниҳод мекардед?

Нишонеро пешниҳод мекардам ки сохташуда аз рӯи мӯҳрест, ки бостоншинос Виктор Сарианиди дар вайронаҳои Гунуртеппа дар Марв пайдо карда ва 5 ҳазор сол пеш аз ин яке аз намодҳои ҷашни Наврӯз будааст. (ниг. Тасвири 1, баргирифта аз: Сарианди В. И. «Маргуш. Древневосточное царство в старой дельте реки Мургаб». Ашхабад, 2002 . – 360 с. – саҳ. 268). Ҳамин мӯҳрро бо андаке дигаргунӣ метавон намоди Наврӯз кард, зеро ҳам содаву зебост ва ҳам торихиву бостонӣ ва ҳам маънидору худӣ.

Тасвири 1. Мӯҳри бозёфтшуда аз Гунуртеппа, Марв.

Тасвири 1. Мӯҳри бозёфтшуда аз Гунуртеппа, Марв.

—         Ин рамз баёнгари кадом вижагиҳост?

—         Ин намод бисёр сода аммо гӯёст: Наврӯз оғози баҳор аст. Баҳор оғози сол аст ва сол замоне фаро мерасад, ки Замин бар гирди хуршед як бор чарх занад. Пешиниён чархидани Замин бар гирди офтобро гузори он аз 12 бурҷ дар осмон мепиндоштанд ва гумон доштанд, ки ин 12 бурҷ чанбараест дар осмон, ки хуршед онро дар як сол чарх мезанад. Пас чархиши офтоб аз нахустин бурҷро оғози сол гирифтанд ва он ҳамзамон бо баҳор буд.

Баҳор замони растохезу бедориву рӯишу сабзишу боззоист. Пас агар ин донистаҳоро дар намоде гирд оварем, чунин нишоне ба даст меояд:

Чанбарае заррин бо лолаи сурху сабзбаргу сабзпоя дар миёнаш ва 12 ситора бар гирдогирдаш.

Ин нишон чунин маънӣ дорад:

  1. Чанбараи заррин намоди Хуршед аст, ки сармояи зиндагӣ дар Замин аст. Чанбара ҳамчунин намоди чархиш ва камол аст.
  2. Лолаи сурху сабзбаргу сабзпоя намоди баҳору растохезу рӯишу сабзиш аст. Лола намоди Тоҷикистон низ ҳаст, чун “аз хуни Сиёвушем”.
  3. 12 ситора намоди кайҳон, 12 бурҷи осмонӣ, 12 моҳи сол ва гардиши Замин бар гирди хуршед ва солгард аст. Шумораи 12 намоди камол низ ҳаст.

Яъне ин намод вижагиҳои табиъӣ ва ахтаршиносии Наврӯзро бозтоб медиҳад.

—         Шумо, ки дар заминаи рамзу нишону намодҳои кишвариву торихӣ пажӯҳиш мебаред, дар бораи нишону парчами Тоҷикистон чӣ андеша доред?

—         Парчами Тоҷикистонро намодшиносоне, ки бо дархости рӯзномаи русии “КоммерсантЪ” 12 сол пеш парчами кишварҳои ҳамсудро (СНГ) баррасӣ карда буданд, яке аз зеботарин парчамҳо донистанд. Аммо таъбиру тафсире, ки аз ин парчам дар бархе манобеи расмӣ ва иттилоотии тоҷикӣ оварда шуда ва аз онҳо ба донишномаҳо роҳ ёфта аст, чандон бо рангшиносиву намодшиносии тоҷикӣ созгор нест. Рангҳои парчами Тоҷикистон пешинае сеҳазорсола доранд ва аслан намоди озодӣ (сурх), оромӣ (сафед) ва ободӣ (сабз) ҳастанд. Дар ин бора гуфторе ҷудогона мебояд.

Аммо нишони кунунии Тоҷикистон, афзун бар он ки вижагиҳои миллату кишвари Тоҷикистонро наменамоёнад, аз диди намодшиносон чанд камбуди дигар ҳам дорад:

  1. Нахуст ин ки ин нишон бо моҳияти ҳукумати кунунии Тоҷикистон аз бех носозгор аст. Тоҷикистон дигар ҳукумате коргариву кишоварзӣ надорад, ки пахтаву гандум нишонаш бошад. Ин чанбара бо путку дос дар нишони шўравии кишварамон намоди ҳукумати коргарону кишоварзон (путку дос) ва офтоб – намоди нирўи ҷонбахши коммунизм буд. Нишони ҶШС Тоҷикистон рӯбардоште буд аз нишони Иттиҳоди Шӯравӣ ва нишонсозии сосиалистӣ вижагиҳое дошт, ки дар он замону шароит маъниву мафҳум доштанд, вале акнун дигар маъние надоранд.
  2. Дигар ин ки ҳар нишоне бояд ҳатман сипар дошта бошад ва нишони Тоҷикистон онро надорад. Сипар дар нишонсозӣ (ҳеролдик) заминаест, ки ҳама намодҳову нишонаҳое, ки дорандаи нишонро мешиносонанд, дар дарун ва гирдогирди он нигошта мешаванд. Дар нишони кунунии Тоҷикистон ин сипар (замина) дуруст нигошта нашудааст ва чунин ба назар мерасад, ки тоҷ “по дар ҳаво” аст.
  3. Севум ин ки тоҷ ҳам дар миёни нишон маъние надорад. Тоҷро бар сар мегузоранд, салла нест, ки чун камарбанд дар миёнаш банданд. Ин тоҷ дар нишони кишварамон намоди гӯёест ки номи миллатро мерасонад, яъне тоҷ = тоҷик, ки чунин нест. Агар тоҷ бар сари сипар гузошта мешуд, онгоҳ намоди озодӣ ва соҳибистиқлолияти кишвар мебуд, чунон ки дар нишони бештари кишварҳои ҷаҳон аст. (Имрӯз тоҷ дигар рамзи ҳукумати подшоҳӣ ва давлати шоҳаншоҳӣ нест, балки нишондиҳандаи озодӣ ва истиқлоли кишварҳост). Аммо тоҷ бо чунин намуде, ки дар нишони Тоҷикистон дорад, дар ҳунару фарҳанги тоҷикӣ бесобиқаву беназир аст. Тасвири тоҷҳои шоҳони ариёии Эрон (Ҳахоманишиёну Ашкониёну Сосониён) ва Турон (хоразмиёну суғдиёну балхиёну сакоҳо ва Кушониёну Ҳайтолиён) дар сиккаву тангаву деворнигораву сангнигораҳои бешуморе боқӣ мондааст ва ҳеҷ кадоме аз онҳо чунин намуде надорад. Ин тоҷҳо бештар чанбаре аз зар будаанд, ки чаҳор кунгураи чаҳорзина ва андарунашон кулоҳи махмалин ва бар сарашон нишоне аз хуршеду моҳу болҳои заррин ва ё дигар намодҳо доштаанд. Тоҷе, ки бар сари тандиси Амир Исмоил Сомонӣ дар Душанбе гузоштаанд, шабеҳи он тоҷҳои бостонӣ ва торихӣ аст, аммо ин “тоҷгузорӣ” аз назари таърихӣ нодуруст аст, зеро Сомониён ҳаргиз тоҷ надоштаанд.
  4. Чаҳорум ин ки нишони кунунӣ танҳо торихи 87-солаи ҷумҳурии Тоҷикистонро (1924 – 2011) бозтоб медиҳад, на торихи чандинҳазорсолаи кишвардории тоҷиконро (аз Пешдодиён то имрӯз).

Ин нуктаро бузургони донишу фарҳангамон низ, аз ҷумла устодон Муҳаммадҷон Шакурӣ, Акбар Турсон, Адаш Истад ва дигарон, борҳо ёдоварӣ карда ва аз нишони кунунии кишварамон интиқод кардаанд.

Суханро кӯтоҳ кунам, нишони Тоҷикистон бояд шер бошад. Зеро шер яке аз кўҳантарин намодҳои тоҷикист ва аз гаҳи бостон то кунун замон нишонаи зӯру тавону нирўву далериву паҳлавонӣ будааст. Ин маъниро беҳтар аз ҳама аз “Шоҳнома” метавон дарёфт. Аз ҳамин рӯст, ки мо ҳануз ҳам мардони далеру зӯру тавоноро “шер” меномем ва Шери Панҷшер – шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд яке аз онҳост.

Дар баробари ин шер ҳамчунин намоди кишвардорӣ ва подшоҳӣ низ будааст. Аз ҷумла бузургвор Фирдавсӣ дар байте аз “Шоҳнома” шерро нишони Тур писари Фаридун гуфта ва ӯ наухстин подшоҳи Турон буд ки Тоҷикистон бахше аз он аст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳанд ки шери болдор нишони подшоҳони Суғд буда ва ин матлабро деворнигорае дар Афросиёб – вайронаҳои кохи подшоҳони Суғд дар Самарқанд, ошкор мекунад. Шер ҳамчунин нишони шоҳони Хатлон буда аст. Акнун шер ҳамчун рамзи қудрат, нерӯмандӣ ва шукӯҳи кишвар Нишони Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Пас бо пазириши ин далел, ки тоҷикон фарзандони турониёну суғдиёнанд ва Тоҷикистон дар бахше аз сарзамини пешини он кишвари бостонӣ ҷой дорад, ҳукумати  Тоҷикистон бояд як гоми дигар ҳам бардорад ва шерро бар нишони кишвари Тоҷикистон нишонад. Чун имсол 20-умин солгарди истиқлоли кишварамонро ҷашн мегирем, беҳтарин фурсат ва муносибат аст ки нишонеро ки нахустин намоди озодии Тоҷикистон буда ва нишоне торихӣ, Шоҳномаӣ ва воқеан миллӣ аст, дубора ба кор барем.

Дигар ин ки дар паи “бозгашти” шер бар нишони кишвар, бо баҳрабардорӣ аз ин намод барои ниҳодҳои кишварӣ ва лашкарии Тоҷикистон низ нишонҳое метавон сохт. Барои ин кор бояд як коргурӯҳ ё комисюне ташкил дод, ки кораш омӯзишу пажӯҳиш дар нишоншиносӣ ва намодшиносӣ боашд. Ногуфта намонад, ки сарзаминҳое, ки имрӯз бахшҳое аз кишварамон ҳастанд, ки дар гузашта подшоҳиҳое ҷудогонае будаанд ва барои худ ному нишоне доштаанд. Ин коргурӯҳ бояд он нишонҳоро ҷӯяд ва аз барои нишонсозӣ барои бахшҳои кишвар ба кор барад.

Реклама

Об авторе Умед Ҷайҳонӣ

дабири Анҷумани фарҳангӣ-рӯшангарии «Турон»
Запись опубликована в рубрике Uncategorized. Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Один комментарий на «Нишони Тоҷикистон бояд шер бошад!»

  1. Салом, дӯсти азиз!

    Муддатест пайваста аз торнигори Шумо дидан мекунем ва матолиби онро бо шавқи зиёд мехонему гоҳе сари онҳо баҳс мекунем. Хеле хуб аст, ки Шумо бо ҳузур ва фаъолияти хеш олами блоги тоҷикӣ ва ба ин васила фазои иттилоотиро дар шабакаи ҷаҳони интернет рангин мекунед. Дар ин ҷода бароятон устуворӣ ва комёбиҳо орзумандем.

    Агар огаҳӣ доред, хуб, вагарна бо ин нома ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонем, ки дар торнамои Радиои Озодӣ гӯшаи “Блогистон” таъсис шудааст, ки беҳтарин матолиби блогнависонро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мунташир карда, дар муаррифии ин блогҳо ва афзоиши теъдоди хонандагони онҳо саҳм мегирад.
    Ҳоло мехоҳем, Шуморо ба ширкат дар кори ин гӯшаи торнамои Озодӣ ҷалб намоем. Хоҳиши мо ин аст, ки агар имкон доред, ҳар моҳ яке аз навиштаҳои худро ҳамроҳ бо акси дилхоҳи хеш ва линки блоги худ ба гӯшаи “Блогистон”-и Озодӣ бифиристед. Мо матлаби Шуморо нашр мекунем.

    Ҳамчунин метавонем дар ҳамкорӣ Шуморо ба таҳияи видео-блогҳо даъват кунем, ки вақт ва нерӯи камтаре мегиранд. Агар компютери Шумо дурбин дорад, метавонем бо ҳам дар тамос шавем ва видео-блоги Шуморо мустақиман забту дар Блогистони Озодӣ пахш кунем.

    Шумо аз ҷумлаи пешгомони фанновариҳои нави иттилоотӣ ҳастед. Биёед бо ҳам ин пешсафиро идома диҳем ва блогосфераи тоҷикро ба сатҳи болотаре бардошта, ба доираҳои фарохтар муаррифӣ кунем.

    Бо дуруд ва эҳтиром
    Соҷидаи Мирзо,
    мудири Бахши Тоҷикии
    Радиои Озодӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s