Тоқат биёр, Рақибов!

Siavash Ghomayshi — Rafigh

5 урдибиҳишти 1390 х.

Номаи Саркушода

Ба Дафтари Масъули Олии Ҳуқуқи Башар дар Созмони Миллали Муттаҳид, Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Иттиҳодияи Байналмиллалии Ҳуқуқи Башар

Додхоҳӣ барои озод намудани Атоулло Рақибов аз маҳбас ва ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ ба хонаводаи ӯ бо сабаби поймол шудани қонунҳои ҳуқуқи башар аз ҷониби мансабдорони маҳаллӣ дар Тоҷикистон

22 Апрели 2011

Масъулони гиромии ҳифзи ҳуқуқи башар:

Ду сол аст, ки Атоулло Рақибов, сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо амри додситони ин ноҳия моҳи августи 2009 хонааш вайрон ва хонаводааш бо 5 кӯдак сарсон гаштаву ранҷ мекашанд, барои дифоъ аз ҳуқуқи худ ва баррасии одилонаи қазияаш дар ниҳодҳои додгустарии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош дорад.

Аммо, то ҳанӯз талошҳои ӯ банатиҷа монданд ва касе аз мансабдорони кишвар ба доди ӯ намерасад, балки баръакс, ниҳодҳои марбута ба ҷои баррасии воқеъбинонаи шикоятҳои ӯ, ҳафтаи гузашта худи ӯро ба маҳкама кашонда ва аллакай ба зиндони пойтахт шаҳри Душанбе интиқол доданд.

Мо, ҷамъе аз ҳаммеҳанони хонаводаи Рақибов ҳастем, ки ба ақидаамон нисбати Атоулло Рақибов ва хонаводааш хеле бераҳмона ва беадолатона бо нақзи бешумори қонунҳо мансабдорони маҳаллӣ амал карданд. Бинобарин, мо даъват дорем, ки барои фавран аз зиндон озод гаштани Атоулло Рақибов ва ҷуброн намудани зиёни моддиву маънавӣ ба хонаводааш кушиши ҷиддӣ ба харҷ дода шавад. Мо як гуруҳи дастгирӣ аз хонаводаи Рақибовҳо дар шабакаи Фейсбук (http://www.facebook.com/home.php?sk=group_162000483860230) созмон додем, ки он аллакай бештар аз 400 аъзо дорад. Онҳо ҳама фаъолона андешаву нигарониҳои худро иброз медоранд ва ҷидду ҷаҳд мекунанд, ки ҷомеаи кишвар ва ҳам ҷаҳонӣ барои адолатона ва воқеъбинона баррасӣ гаштани ин қазия огаҳӣ дошта бошанд.

Аз созмонҳои муҳтарам ва бонуфузи Шумо, ки ҳомии эҳтиромгузорӣ ба ҳуқуқи башар ва ҳақиқатан, умеди охирини муҳофизони ҳуқуқи башар дар саросари дунё ҳастед, хоҳиш мекунем, ки барои ҷалби диққати ҷиддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин, ёдоварӣ ба сарварони давлатҳои демократии ҷаҳон баҳри назорат ва расидагии комил мувофиқ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли ин қазия мадади худро дареғ наварзед.

Умеди мо аст, ки Шумо аз ин иқдом пуштибонӣ менамоед ва бо ҳар воситаи қобили қабули худ ҳарчӣ зудтар ёрӣ мерасонед.

Бо сипос ва эҳтиром,

Гуруҳи дастгирӣ барои Ҳимоят аз Хонаводаи Рақибовҳо

Барои рӯшан шудани масъала, лозим мебинем гузорише аз торихчаи моҷарои ӯро барои шумо пешкаш намоем, ки дар расонаҳои хабарии гуногун ва махсусан аз ҷониби Радиои Озодӣ, бахши Тоҷикии Радио Аврупои Озод Радиои Озодӣ омода ва паҳн гаштанд.

  • 16.08.2009: Радиои Озодӣ, гузориши Маҳмуди Шодӣ: Атовулло Рақибов, сокини деҳи Заркамари ноҳияи Файзобод, ки хонаи ӯ бо амри додситон хароб карда шудааст, мегӯяд, то кунун ба доди ӯ касе нарасидааст. Феълан ҳафт узви ин хонадон дар ҳавлии хонаи тахрибшуда зери як чодар ба сар мебаранд. Гулрӯ Ибодова, модари ин хонавода, дар бораи ҳодисаи тахрибшавии хонаи онҳо гуфт, як моҳ қабл нисфирӯзӣ як гурӯҳ, азҷумла намояндаи додситони ноҳия (-и Файзобод) ва кормандони милиса бидуни огоҳӣ бо экскватор хонаашро чаппа карданд ва ба ӯ имкон надодаанд, ки маводди ғизоӣ ва афзори хонаашро берун биёрад. Соҳиби хона Атовулло Рақибов мегӯяд, замони рух додани ин ҳодиса ӯ дар Русия будааст ва бо шунидани ин хабар пул қарз гирифта, ба ватан баргаштааст. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди муроҷиатҳои пайваста ба мақомоти марбута, азҷумла ба додгоҳи ноҳияи Файзобод, то ба имрӯз касе ба доди ӯ нарасидааст. Гузоришгари радии Озодӣ мегӯяд, дар робита бо ин ҳодиса, мо ба ҳукумати ноҳияи Файзобод муроҷиат кардем. Зиёратшо Ятимов, муовини аввали раиси ноҳияи Файзобод, мегӯяд, тахриби ин хона дар асоси амри додситонии ин ноҳия сурат гирифтааст.
  • 14.09.2009: Радиои Озодӣ, гузориши Хуршеди Ҳамдам: Даҳ тан аз сокинони деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод, ки аз собиқадорони Ҷанги бузурги Ватанӣ буда ва синнашон ба 80 расидааст, аз субҳи имрӯз дар рӯ ба рӯи Додситонии кулли Тоҷикистон гирди ҳам омада ва хостори мулоқот бо Бобоҷон Бобохонов — додситони кулли кишварро карданд. Файзулло Фозилов, сокини деҳаи Заркамар, ҳадафи аслии таҷаммуъи сокинони ин деҳаи ноҳияи Файзободро дархости расидагӣ аз додситонии кулл ба қазияи тахриби манзили Атовулло Рақибов унвон кард. Ба гуфтаи вай, манзили Атовулло ғайриқонунӣ хароб карда шудааст. Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, пас аз 8 соати интизорӣ, ду тан аз сокинони деҳаи Заркамарро, ки Атовулло Рақибов яке аз онҳост, ба ҳузур пазируфт. Аммо ба гуфтаи оқои Рақибов, мулоқоти онҳо бо додситони кулл бидуни натиҷа анҷомида ва ба навбати худ Бобоҷон Бобохонов тахриби манзили ӯро қонунӣ хондааст. Аммо Абдураҳмон Шарифов, ҳуқуқшиноси Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ки аз ин қазия огоҳ аст, аз лиҳози ҳуқуқӣ наҳваи тахриби манзили Атовулло Рақибовро хилофи қонун медонад.
  • 22.10.2009: Радиои Озодӣ: Атовулло Рақибов ба радиои Озодӣ гуфт, намояндагони Вазорати ҳолатҳои фавқулодда баъд аз зуҳри имрӯз кӯмакҳои иборат аз як хайма, кӯрпаву бухорӣ, дегу табақ ва дигар ашёи рӯзгорро, ки ин вазорат қаблан ба ин хонавода супурда буд, бозпас бурданд. Каримҷон Ашуров, сардори ситоди Вазорати ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Файзобод, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ашё ва маводҳои рӯзгордорӣ, ки ба хонаводаи Рақибов чор моҳ қабл аз сӯи вазорат дода шуд, муваққатӣ буд ва пас аз гузаштани мӯҳлати муқарраршуда онҳо қисман пас гирифта шуданд.
  • 15.09.2010: Радиои Озодӣ, гузориши Мирзонабии Холиқзод: Беш аз 300 нафар сокинони деҳаи Заркамар бо шумули кӯдакону наврасон, тайи се соат дар назди манзили зисти сокини ин деҳа Атовулло Рақибов дар баробари ҳайати ҳукумати ноҳияи Файзобод истодагарӣ карданд ва нагузоштанд, ки булдозер манзили ӯро хароб кунад. Гулрӯ Ибодова, модари ин хонавода бо ёд аз ҳодисаи мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт, хонаи ӯ аз сӯи мақомот бо як шеваи бераҳмона хароб шуд ва худи ӯ мавриди латтукӯб қарор гирифт.
  • 31.10.2010: Радиои Озодӣ, гузориши Носирҷони Маъмурзода: Додситонии ноҳияи Файзобод алайҳи Атовулло Рақибов ва ҳамсару фарзандони ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Додситонӣ ӯро бо пайвандонаш ба авбошӣ муттаҳам кардааст, зеро ӯ ва беш аз 300 сокини деҳаи Заркамар, ба иддаои муфаттишон, як моҳ қабл дар баробари ҳайати ҳукумати ноҳия, ки мехостанд хонаашро тавассути булдозер хароб кунанд, истодагарӣ ва муқовимат кардааст. Атовулло Рақибов дар тамосе бо радиои Озодӣ гуфт, кормандони милиса ва додситонӣ, кӯдакони 6 ва 8-солаи ӯро ҳам ба ҳайси «гумонбар» шомили парвандаи ҷиноӣ кардаанд. Мақомоти ҳукумати ноҳияи Файзобод ҳозир нашуданд, дар робита ба ин қазия изҳори назар кунанд. Аҳлиддин Мирзоев, муфаттиши парвандаи мазкур аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия, бо ҳар баҳона аз сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунад. Аммо як корманди шӯъбаи корҳои дохилии Файзобод гуфт, ҳоло ин парванда барои таҳқиқ ба ихтиёри раёсати тафтишотии вазорати умури дохилӣ супурда шудааст.
  • 29.12.2010: Радиои Озодӣ: Атовулло Рақибов ҳамроҳ бо аҳли оилааш дар назди идораи Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар, даст ба гуруснанишинӣ заданд. Рақибов, аз субҳи имрӯз ба мақсади мулоқот ва ҳалли мушкилаш дар назди қабулгоҳи Зариф Ализода, Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар қарор дорад ва иддао дорад, ки то омбудсмен ба додаш нарасад, ин маконро тарк нахоҳад кард. Зариф Ализода ба Рақибов гуфтааст, ки аз ин ҷо биравад, чун вай мушкилашро ҳал карда наметавонад.
  • 18.01.2011: Радиои Озодӣ: Атовулло Рақибов ва хонаводаи ӯ, ки бо тақозои Омбудсмен аз ҷониби маъмурони пулис боздошт шуда буданд, раҳо гардида, ба манзили худ баргаштаанд. Рақибов мегӯяд, “Аз соати 9-и рӯзи 17-уми январ то соати 8-и субҳи 18-уми январ (2011) дар он ҷо будем. Саҳар омаданд ва милисаҳоро гуфтанд, то онҳо моро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ баранд.” Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон пас аз баррасии шикояти хонаводаи Рақибовҳо дар мавриди тахриби ғайриқонунии манзилашон, гуфтааст, ки дар ин қазия ҳуқуқи инсон поймол нашудааст. Ба қавли Рақибов, дафтари ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон ё омбудсмен, охирин умедвории ӯ будааст, ки ҳоло ӯро ноумед кардааст. Муқим Ашӯров, масъули дафтари ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, аз сӯҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карда, танҳо афзуд, ки барои тавзеҳи мавзӯъ салоҳият надорад.
  • 12.03.2011: Радиои Озодӣ: Додгоҳи ноҳияи Файзобод эълон кардааст, ки мурофиаи судии Атовулло Рақибов рӯзи 16-уми феврал (2011) баргузор мегардад. Атовулло Рақибов дар тамос ба радиои Озодӣ гуфт, ки вай бо иттифоқи ҳамсар ва ду хоҳарарӯсаш даъватномаи додгоҳро дастрас намудааст. Ҳамзамон вай аз ин изҳори нигаронӣ намуд, ки бо вуҷуди фурсати кӯтоҳ, вай то ба ҳол вакили мудофеӣ худро надорад ва ин даъвати зудҳангоми додгоҳ барояшон ғайримунтазира будааст. Мувофиқи ин санад, Рақибов ва хонаводааш, ба ”авбошӣ” муттаҳам мешаванд. Ин парвандаи ҷиноӣ бар асоси шикояти ронандаи экскваторе, ки аз ҷониби Рақибов ва хонаводаи ӯ, ки гӯиё мавриди ҳамла қарор гирифта бошад, боз шудааст. Ронандаи экскватор аз мақомоти корҳои дохилӣ тақозо кардааст, ки барои таъмири шишаи эксватораш 1 ҳазору 600 сомонӣ аз хонаводаи Рақибов ситонида шавад.
  • 16.03.2011: Радиои Озодӣ: Мурофиаи додгоҳии Атовулло Рақибов дар додгоҳи ноҳияи Файзобод ба таъвиқ гузошта шудааст. Рақибов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бино ба далели ҳозир нашудани даъвогарон, қозии парванда мурофиаро ба рӯзи 18-уми марти соли ҷорӣ таъйин кардааст.
  • 13.04.2011: Радиои Озодӣ: Бар асоси ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Файзобод, Атовулло Рақибов ба ҳабс гирифта мешавад. Шариф Рақибов, бародари Атовулло Рақибов, дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳалномаи додгоҳ тавассути Моҳбӣ Қурбонова, додраси ин додгоҳ қироат шуд, ки дар он омадааст. “Атовулло Рақибов тибқи моддаи 289-ум барои эҷоди монеа дар раванди муҳокимаи додгоҳӣ ва саркашӣ дар додгоҳ ба ҳабс гирифта шавад.” Аммо худи Атовулло Рақибов, ба сабаби бемории хонумаш Гулрӯ Ибодова, дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе, дар мурофиаи додгоҳ ширкат накардааст. Рақибов мегӯяд, бар асари фишору кашокаҳои додгоҳӣ, ҳамсараш дучори бемории рӯҳӣ шуда, феълан дар беморхонаи шаҳри Душанбе бистарӣ аст ва ба парастор эҳтиёҷ дорад. Ба ин сабаб, Рақибов натавонистааст, дар муҳокимаи ахир ширкат кунад. Рақибов афзуд, азбаски ҳукми додгоҳ наметавонист бе ширкати айбдоршавандагон эълон гардад, хоҳари дигари ӯ, Моҳкалонро бо зӯрӣ ба Додгоҳи ноҳия оварда, дар ҳузури ӯ таъиноти ҳабсро хондаанд. Атовулло Рақибов мегӯяд, ҳадаф аз дастури ҳабси ӯ, танҳо фишори равонӣ ба ӯ ва бо ин роҳ маҷбур карданаш ба ақибнишинист. Рақибов, мегӯяд, барои ҳалли одилонаи ин баҳсҳо, борҳо ба раисҷумҳур, Додситонии кулли Тоҷикистон, Додгоҳи олии Тоҷикистон, Омбудсмени Тоҷикистон, Идораи Ҳуқуқи башар ва дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо муроҷиат кардааст, вале ҳеҷ яке ба сарнавишти ӯ расидагии ҷиддӣ ва бархӯрди бетарафона накардаанд.
  • 17.04.2011: Радиои Озодӣ: Атовулло Рақибов боздошт шуд. Дар ин бора наздикони ӯ ба Радиои Озодӣ хабар дода ва гуфтанд, ки шоми рӯзи шонздаҳуми апрели соли ҷорӣ маъмурони полис Атовулло Рақибовро бо худ бурдаанд. Боздошти Атовулло Рақибов бар асоси ҳалномаи Додгоҳи ноҳияи Файзобод сурат мегирад, ки дар чаҳор рӯзи пеш ба дасти хонаводаи Рақибовҳо расидааст. Дар ин ҳалномаи додгоҳ омадааст, ки “Атовулло Рақибов тибқи моддаи 289 барои эҷоди монеа дар раванди муҳокимаи додгоҳӣ ва саркашӣ дар додгоҳ ба ҳабс гирифта шавад.” Рақибов пас аз судури ин ҳукм, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ онро ғайриқонунӣ хонда ва гуфта буд, ки додгоҳ бидуни ширкати вай, ҳамсараш ва як хоҳари дигараш, ки бар асоси ин парвандаи манзил айбдор дониста мешаванд, дастури ҳабси ӯро содир кардааст.
  • 21.04.2011: Радиои Озодӣ, гузориши Зарангези Наврӯзшоҳ: Рақибов аз маҳбаси Файзобод ба боздоштгоҳи муваққатӣ дар Душанбе кӯчонда шуд. Мақомоти расмӣ сабаби ин амалро шарҳ намедиҳанд ва интиқоли ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки муҳокимааш бояд дар Додгоҳи ноҳияи Файзобод ба вуқӯъ пайвандад. Бо салом, ҷамъе аз ҳаммиҳанони хонаводаи Рақибовҳо, ки асомии мо дар утоқи ҳамбастагӣ бо Рақибовҳо, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook мавҷуд аст.
Реклама

Об авторе Умед Ҷайҳонӣ

дабири Анҷумани фарҳангӣ-рӯшангарии «Турон»
Запись опубликована в рубрике Uncategorized. Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s