Орзу дорам…

15 урдибихишти 1390 х.‎
19 сол пеш дар ҳамин рӯз (5.05.1992) ҷанги тоҷиккуш оғоз шуда буд. Худованд биёмурзад шаҳидони гулгункафанро…
Рустаму Суҳроб бо чеҳраи Бимбулат Ватаев ва Ҳошим Гадоев
Солҳост орзу дорам, ки дар Майдони Шаҳидон дар Абарканд тандисе бигзорем аз санги хоро. Тандисе, ки намоди ҷанги Рустаму Суҳроб бошад. Тандисе аз ҷанги падару писар чун намоде аз ҷанги тоҷик бо тоҷик. Тандисе, ки Суҳробро кушта ба дасти падар ва Рустамро кушта аз марги писар нишон диҳад. Тандисе пур аз дарду сӯгу «пур оби чашм», ки ҳар дили нозукеро биёрад ба хашм… Тандисе ойинавор, ки ҳар кӣ дар он бингарад, худро дар он бинад, кушта ба дасти худро дар он ёбад ва худро низ кушта ба дасти дигаре дарёбад… Тандисе, ки намоди пушаймониву тавбаи ҷангидагон ва панду андарзе барои ояндагон бошад барои зиндагӣ дар кишваре озоду орому обод… Орзу дорам, ки ин тандис ёдгоре шавад барои 150 ҳазор шаҳид, ки бештарашон беному нишону гӯру кафананд… Худованд биёмурзад онҳоро ва бибахшояд моро!  
Реклама

Об авторе Умед Ҷайҳонӣ

дабири Анҷумани фарҳангӣ-рӯшангарии «Турон»
Запись опубликована в рубрике Uncategorized. Добавьте в закладки постоянную ссылку.

4 комментария на «Орзу дорам…»

  1. Дуруду сипоси бешумор, дусти донишии хамандеша, Умед Чайхони!
    Номи Шуробод аслан унвонгузорихои замони шурави аст, аз хамон «шуро». Ин мавзеъ дар гузашта Терай ном доштааст, ба гумонам ба маънии гузаргох. Шояд бад – он хотир, ки ин макон гузаргохи мардуми водии Кулоб аз ин сохили Ому ва мардуми Чохобу Русток аз варои Ому ба ин тараф будааст. Комгору комраво бошед

    • Умед Ҷайҳонӣ:

      Дуруд бар Шумо, бузургвор устод Мирзоён!
      Сипосгузорам аз ёриву ҳамандешиятон! Аз посухатон барои такмили донистаниҳо дар бораи ноҳияи Шӯрообод дар бахши тоҷикии Википедия (ниг. http://tg.wikipedia.org/wiki/Ноҳияи_Шӯрообод) фаровон баҳра бурдам.
      Хубу хуш бошед!

  2. Озод:

    Абарканд, яъне Душанбе? Хеле аҷиб аст. Ба мақомот бигуед номи Ҳисорро ба Шумон ё Шомон (Сомон) табдил диҳанд, чун номи бостонияш ҳамин аст. Ба назари ман, номи куҳани Душанбе Охарун ё Оҳарун аст, ки номи теотри Аҳорун аз он гирифта шуда, ҳарчанд каме иштибоҳ аст. Номи Қурғонтеппаро низ бояд Леваканд гузошт. Номи Файзободро бояд Вашгирд ва номи Айниро Фалгар гузошт. Зимнан, номҳои шоиру нависандагонро аз номи деҳистонҳо (ноҳияҳо) бардоранд, беҳтар аст.

    • Абарканд (ابَـرکـَند) ҷойномест бар вазни Самарқанд ва сохташуда аз ду бахш: “абар” ва “канд” ки реша дар вожаҳои авестоии «upairi» ва «*kanθā- > kand» доранд.
      “Абар” ба маънои “бартар”, “болотар”, “беҳтар” ва “баргузида” аст ва “канд” маънои “ободӣ” ва “шаҳр”-ро дорад ки дар гузашта дар номгузории шаҳру рустоҳои Тоҷикзамин корбурди фаровон дошт. Барои намуна номҳои бостонии Мароканд (Самарқанд), Пайканд, Панҷиканд (ки узбакона Панҷакенташ мехонанд), Бунҷикат, Хуҷанд, Чимканд, Вобканд ва Хӯкандро овардан басанда аст.
      Сарзамине ки ҳамакнун шаҳри Душанбе дар он воқеъ аст, дар садаҳои миёна Шумон (شومان) ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи Сумон (سومان) низ навишта шудааст. Дар “Ҳудуд-ул-олам” омада: “Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр” [“Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб” (соли 372 хиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Китобхонаи Таҳурӣ. “Ширкати офсети Гулшан”. Теҳрон. 1983. – саҳ. 110.].
      Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд) воқеъ буд ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар “Аҳсан ал-тақосим” гӯяд: “Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст”. Шарафуддин Алии Яздӣ дар “Зафарномаи Темурӣ” аз ин қалъа ба номи Ҳисори Шодмон (حصار شادمان) ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар Ҳисор (حصار) ё Ҳисорак (حصارک) навишта ва имрӯз ҳам Ҳисор маъруф аст [ЛеСтренж Ги. Сарзаминҳои Хилофати шарқӣ. Тарҷумаи Маҳмуд Ирфон. Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб. Теҳрон. 1336 ҳ.ш. = 1958 м. – саҳ. 468.].
      Шоёни ёдоварист ки вожаи “ҳисор” арабӣ ва маънояш “диж” ва “қалъа” аст. Қалъае ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст ки дар садаҳои XV – XVII м. “ҳисори Шодмон”, яъне қалъаи Шодмон, номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз “Шодмон” аз он афтоду “ҳисор” монд ва исми хос — Ҳисор – гашт. Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба қалъаи Душанбе кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.
      Аз ҷойноми Душанбе (دوشنبه) барои нахустин бор дар асари донишманди балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ “Баҳр ул-аъроф фи маноқиб ал-хайр” (оғози садаи XVII м.) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи Рус Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр Душанбе-қурғон (دوشنبه قورغان) номида шудааст. “Қурғон” вожаи туркӣ ва маънояш “қалъа” ва “ҳисор” аст. Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Номи кунунии пойтахти кишварамон ёдовари ҳамин бозор аст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном гирифт ва бо амри тақдир пойтахти Тоҷикистон гашт. Ин шаҳр аз 16.10.1929 то соли 1961 Сталинобод ном дошт.
      Сарзаминеро ки ғарбтар аз Шумон ҷой дошт ки дар садаҳои VII – VIII м. Ахарун (اخرون) ё Харун (خرون) меномиданд. Ин номҷой дар сафарномаи Сюан Цзан (630 м.) ба гунаи Хо-ру-мо омадааст. Дар манобеи бозмонда аз садаи Х номи ин сарзамин Ҳамворон омадааст. Дар “Ҳудуд-ул-олам” омада: “Ҳамворон (هَمواران) шаҳракест ба наздикии рӯди Касавон (کـَسَـوان) ниҳода аст ва мардум андаканд” [“Ҳудуд-ул-олам”. – саҳ. 110.].
      Душанбе дар 87 соле ки ҷонишини Самарқанду Бухоро ҳаст, маркази маънавӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвари тоҷикон гашта ва сазовори доштани номи фарраҳманду бошукӯҳу ифтихорбарангез шудааст.
      Абарканд номест наву суфтаву хушнаво, дорои намунаи таърихӣ ва ба маънои “пойтахт” ва “шаҳри бартару баргузида”, “ҷойгоҳи ҳукумату давлат”, “маркази кишвар” ва “дили Меҳан”.

      P.S. Ин посух бахше аз навиштори «Номгузорӣ ва номгардонӣ дар Тоҷикистон» аст ки пораҳое аз он (дар бораи Леваканд ва Ҳаловард) дар рӯзномаи «Миллат» мунташир шудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s