Истиқлолро пос бидорем!

17 шаҳривармоҳи 1390

Mind The Gap! (A statement on the perils of extending Russian military presence in Tajikistan)

Истиқлолро пос бидорем!

Баёнияи равшанфикрони мухолифи ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон(ирсолшуда ба ҳафтаномаи «Нигоҳ»)Дар остонаи бистумин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон дар пойтахти кишвар рӯйдоде иттифоқ уфтод, ки истиқлоли онро зери суол мебарад. Раҳбари як кишвари бегона, дар ҳоле ки дар канори раҳбари мо нишаста буд, эълом кард, ки нерӯҳои низомии ӯ барои 49 соли дигар обу хоки Тоҷикистонро зери назар хоҳанд дошт. Истиқлоли як кишвар чанд рукни аслӣ дорад, ки яке аз муҳимтарини онҳо ҳифозати нерӯҳои худӣ аз обу хоки сарзамин аст. Изҳороти Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, дар шаҳри Душанбе зарбаи муҳлике бар пайкари истиқлоли Тоҷикистон буд. Вай бо эътимод ба нафс ва бо мавҷе аз ғурур дар садояш эълом дошт, ки дар бораи ҳузури нерӯҳои низомии Русия дар хоки Тоҷикистон барои 49 соли дигар бо раҳбари Тоҷикистон ба тавофуқ расидааст.Ҷомеъаи расонаии Тоҷикистон дар сӯги ин изҳороти хоркунанда нишастааст, чун то кунун чунин изҳороти шиканандае дар бораи ҳеч як аз аъзои Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд (ҶКҲ — СНГ) ба ин шева садо надода буд. Медведев мафҳуми истиқлоли Тоҷикистонро дар ҳузури раҳбари ин кишвар ба истеҳзо гирифт ва бо итминон қасди худро барои дунболаравии Тоҷикистон аз сиёсатҳои Русия барои ним қарни дигар эълом кард. Мо муътақидем, ки ҷаноби Медведев бояд барои эроди он суханони таҳқиромез аз мардуми Тоҷикистон расман пӯзиш бихоҳад.

Аммо муҳимтар ин аст, ки тасмиме дар ин сатҳ наметавонад бо суҳбатҳои ду нафар пушти дарҳои баста гирифта шавад. Ҳеч донои куллу фолбине ҳам наметавонад сарнавишти ин ду кишвар дар зарфи 49 соли ояндаро пешгӯӣ кунад. Аз ин рӯ мантиқи ин тасмим ба худии худ мелангад. Давлатҳо метавонанд дар маҳдудаи муддатзамоне, ки зимоми умурро дар даст доранд, тасмимҳое аз ин даст бигиранд. Ҳатто агар ниёзи мубрам барои ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон эҳсос мешавад, мантиқан он набояд бештар аз ҳадди аксар як давраи раёсати ҷумҳурӣ (7 сол) бошад. Усули истиқлолу мардумсолорию ҳуқуқи маданӣ, ки Тоҷикистон худро пойбанди онҳо медонад ва худро як кишвари мустақилли демукротики ҳуқуқбунёд мешуморад, ба давлат иҷоза намедиҳад, ки чунин тасмимеро иттихоз кунад. Чун дар ҳеч як ҷомеъаи мустақилли мардумсолори ҳуқуқӣ сарнавишти ду-се насли оянда ба ин шева рақам намехурад.

Лашкари 201-уми пиёданизоми Русия бо ҳудуди ҳашт ҳазор сарбозу афсар бузургтарин пойгоҳи низомии бурунмарзии ин кишвар аст. Мо то кунун изҳороти расмии Русия дар бораи зарурати тамдиди муддати ҳузури он дар Тоҷикистонро нашунидаем. Аммо ин мавзӯъ дар расонаҳои Русия пӯшиши густардае доштааст. Таҳлилгарони ғолибан муғриз ва тоҷикситези Русия чанд далели аслиро барои мондагории пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бармешуморанд: хатарҳои ношӣ аз Афғонистон (маводди мухаддир, Толибон, ифротгароии мазҳабӣ), таҳдид аз сӯи Узбакистон, эҳтимоли даргириҳои дохилӣ ва суботи ҳукумати кунунӣ. Аммо оё ҳеч як аз ин баҳонаҳо дар андозае ҳаст, ки далели поймол шудани истиқлоли Тоҷикистон ва ҳузури низомии бегона дар сарзамини мо барои ним қарни дигар бошад?

Нахуст, бад нест ёдоварӣ шавад, ки мо дар чи қарне ба сар мебарем ва таъаҳҳудот (уҳдадорӣ)-ҳои вазъшуда аз сӯи Созмони Милал ҳамаи кишварҳои узвро пойбанди тамомияти арзии аъзои он мекунад. Яъне на Афғонистони толибоние, ки ба торих пайвастааст ва на Узбакистони каримовӣ наметавонанд бидуни ин ки мавриди таҳримҳо ва иқдомоти Созмони Милали Муттаҳид қарор бигиранд, таъаррузеро алайҳи Тоҷикистон раво доранд.

Аммо, муҳимтар аз он, Тоҷикистон кишварест мустақил, ки бояд ва метавонад аз марзҳои маҳдуди худ нигаҳдорӣ кунад. Оё 49 сол барои омодагии тамому камоли нерӯҳои мусаллаҳи бумӣ муддате бас зиёд нест? Агар қарор аст мо тӯли 49 сол омодаи дифоъ аз худамон шавем, пас насли мо бояд орзуи истиқлолро бо худаш ба зери хок бибарад.
Дигар ин ки Афғонистон ҳатто пас аз хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ дар соли 2014 кишваре мутафовит аз Афғонистони толибонӣ хоҳад буд ва таҳлилгарони сиёсии Русия дар мақом ва сатҳе нестанд, ки ояндаи ин кишварро ҳадс бизананд. Ғараз ва манфиъатҷӯӣ бештари онҳоро ба воқеъиятҳо кӯр кардааст ва дарки ин мантиқро мушкил меёбанд, ки Толибон пас аз шикасти ҳавлноке, ки дошт, ба ин зудиҳо наметавонад қудратро қабза кунад.
Ҳатто агар бадтарин ҳолатро мутасаввир шавем ва пиндорем, ки Афғонистон пас аз хуруҷи омрикоиҳо бозпас ба чанги Толибон меуфтад, ёдамон наравад, ки дар Афғонистон ҳам теъдоди қобили мулоҳизае аз ҷамъият тоҷик ҳастанд. Ҳамон тоҷиконе, ки бо талошҳои русҳову бритониёҳо дар садаҳои 19 ва 20 аз мо бурида шуданд. Ишқу алоқаи шумори зиёде аз онҳо ба Тоҷикистон қобили муқоиса бо меҳри бисёре аз тоҷикистониҳо ба меҳанашон нест, чи бирасад ба “муҳаббат”-и муғризонаи Русия. Аз ин рӯ деву дад тарошидан аз тоҷикони Афғонистон барои тоҷикони Тоҷикистон умри зиёде нахоҳад дошт. Яке аз дарсҳои худшиносӣ барои тоҷикон бояд бозшиносии ҳамтаборонашон дар ақсо нуқоти ҷаҳон бошад, ки ба зӯри аслиҳаи бегонагон аз мо дур уфтодаанд. Хатари таъаррузи рус бисёр воқеъитар ва малмустар аз хатари ҳамла тавассути Афғонистону Узбакистон аст.

Ба бовари бисёре аз коршиносон, яке аз ангезаҳои муҳимми талошҳои Русия барои бозгашт ба Тоҷикистон, бавижа ба марзи Тоҷикистону Афғонистон, ин аст, ки кунтрули тиҷорати маводди мухадирро ба даст бигиранд. Ин дар ҳолест, ки коршиносони кремлинӣ, ба монанди Станислав Кучер, шореҳи сиёсии рӯзномаи “Коммерсантъ” чопи Маскав, раҳбарии Тоҷикистонро ба тиҷорати маводди мухаддир муттаҳам мекунад ва менависад:

“Ёдам ҳаст, ки дар оғози даҳаи 2000 марзбонони мо дақиқан раҳбарии Тоҷикистонро ба мусоъидати фаъъол ба қочоқи маводди мухаддир муттаҳам мекарданд ва дар Тоҷикистон гурӯҳҳои бисёр қавие ҳастанд, ки гузарони рӯзгорашон ба ҳисоби қочоқи маводди мухаддир аст”.(1)

Дар чашми ин “коршиносон” ва садҳо сиёсатмадори Русия, пазириши шартҳои Русия аз сӯи Тоҷикистон ба маънии пазириши ин иттиҳомҳост, ки тоҷикҳо аз паси нигаҳдорӣ аз марзҳои худ барнамеоянд, танҳо бо кумаки русҳо мешавад хатари қочоқи маводди мухаддир аз марзи Тоҷикистонро бартараф кард ва, муҳимтар аз ҳама, раҳбарони Тоҷикистон дар қочоқи маводди мухаддир даст доранд. Оё дуруст аст, ки бо пазириши пешниҳоди Русия ҳамаи ин иттиҳомҳоро бипазирем?

Ҳатто унвони мақолаҳое, ки пеш ва пас аз сафари Медведев ба Тоҷикистон дар нашрияҳои Русия мунташир шуд, бояд тасвире аз ҳақорату хории Тоҷикистон дар баробари чашми русҳоро бидиҳад. Сергей Коновалов дар рӯзномаи “Независимая газета” унвони мақолаашро “Стволы Рахмону на миллиард долларов» («Ҷангафзорҳо барои Раҳмон ба қимати як милёрд дулор») гузоштааст. Ин намояндаи матбуъоти Русия менависад:

«Бино ба арзёбии коршиносон, арзиши таслиҳот ва ҷангафзорҳое, ки ба онҳо (Тоҷикистон) дода шуда, ҳудуди як милёрд дулор аст».(2)

Дар ин навишта зикре аз ин ҳақиқат нарафтааст, ки ин таҷҳизоти низомӣ ҳеч кадом нав нестанд ва дар воқеъ, Русия мехоҳад ҷангафзорҳои куҳна ва бадарднахури худашро дар Тоҷикистон дафн кунад. Ва ин ки соли 2005 Русия мутаъаҳҳид шуда буд, ки дар баробари тасоҳуби маркази назорати кайҳонии «Окно»-и Норак дар Тоҷикистон дар тӯли панҷ сол ба миқдори ду милёрд дулор сармоягузорӣ кунад ва накард. Яъне давлати Русия дар баробари таъаҳҳудоташ масъул набудааст ва то кунун ҳеч як аз қарордодҳояшро бадурустӣ анҷом надодааст. Чаро бояд ба як чунин шарике эътимод кард ва хоку оби сарзаминро дар ихтиёри нерӯҳои низомии он гузошт?

Нашрияи «Взгляд» дар мақолае зери унвони «Рахмон укроется от талибов за русские штыки» («Раҳмон аз Толибон пушти найзаҳои русӣ пинҳон мешавад”) ба қалами Александр Москвичёв Тоҷикистонро “зери шикам” (подбрюшье)-и Русия унвон карда, ки беҷиҳат аз Маскав барои иҷораи пойгоҳи низомӣ солона 300 милюн дулор хоста буд, аммо, мусалламан, ба хостааш нарасид.(3) Яъне хостаҳои Тоҷикистон барои сиёсатмадорону “коршиносон”-и рус асбоби саргармию тамасхур аст.

Аз миёни ҳамаи таҳдидҳое, ки “коршиносон”-и рус матраҳ кардаанд, масъалаи муҳоҷирати кории тоҷикҳо ба Русия воқеъитар ҷилва мекунад. Ҳудуди як милюн тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамасола ба таври мавсимӣ дар ҷустуҷӯи кор ба Русия муҳоҷират мекунанд. Аммо давлати ҳар кишвари мустақилле вазифадор аст, ки барои шаҳрвандони худ фурсатҳои шуғлӣ эҷод кунад, то талошҳои онҳо сарзамини худашонро беҳтару ободтар кунад. Агар феълан давлати Тоҷикистон аз чунин қудрате бархурдор нест, бояд ба фикри боз кардани дигар масирҳо бошад, то тоҷикҳо танҳо бар Русия мутамаркиз набошанд ва ин ҳама хориро дар он кишвари нажодпараст накашанд ва мафҳуми “тоҷик” барои онҳо ва ҷаҳониён ин қадр пасту ҳақир нашавад. Тозатарин намунаи истеҳзо ва масхараи ошкори расонаҳои Русия дар мавриди тоҷикҳо ҷанҷоли родюи “Маяк” бо гурӯҳи ҳунарии “Парем” буд, ки дар ду барномаи родюии тӯлонӣ ба таври муфассал фарҳангу ҳунар ва мардуми тоҷикро ба боди истеҳзо гирифтанд. Барномаҳои “Наша Раша”-и телевизюни Русия тоҷикҳоро ба унвони вопасмондатарин қавми башарӣ ба намоиш гузоштаанд, ки ниҳояти нажодпарастии ваҳшиёна аст.

Дигар ин ки Русия бо мушорикати Раҳмон дар фармондеҳии лашкари 201 мувофиқат накард. Чун лашкари 201 як аҳрум (фишанг)-и фишори дигар бар ҳукумати Раҳмон хоҳад буд ва мушорикати ӯ дар фармондеҳии он ба суди Русия нест. Бино ба шавоҳиди маълум, ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон замонатест барои дахолатҳои мудоми Русия дар сиёсатҳои Тоҷикистон ва таъйини давлати он дар оянда.

Вокуниши як давлати мустақил дар баробари чунин таҳқирҳое бояд ҷорӣ кардани низоми раводид барои сафари мутақобили шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистон бошад. Яъне ҳам атбоъи Русия, ки ба Тоҷикистон сафар мекунанд ва ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия мераванд, бояд раводид дошта бошанд, то аз эҳтироми як меҳмон бархурдор бошанд. Давлати Тоҷикистон бояд барои сафари атбоъи худ ба кишвари тоҷикситезе чун Русия маҳдудиятҳое эъмол кунад ва барои ҷуброни зиёнҳои баромада аз он бояд ба фикри эҷоди фурсатҳои шуғлӣ барои мардуми бумӣ дар Тоҷикистон ва пайдо кардани дигар бозорҳои корӣ бошад. Барои намуна, ба ҷои ҷалби коргарони чинӣ дар тарҳҳои сохтмонсозӣ ва роҳсозӣ бояд шаҳрвандони Тоҷикистон дар авлавият қарор бигиранд. Давлат бояд то ҳадди зиёде вазифаи таъмини шаҳрвандон бо ҷои кори муносибро анҷом диҳад.

Дар бораи ин рӯйдоди мусибатбор метавон нукоти бисёреро зикр кард, аммо мо бо мухтасари он иктифо кардем. Бо таваҷҷуҳ ба нукоте, ки зикр шуд, таъкиди мо бар ин аст, ки идомаи ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон барои 49 соли оянда пешниҳоди мантиқӣ ва ақлонӣ нест. Ин пешниҳод метавонад ҳадди аксар ҳафт солро фаро бигирад. Дар ҳар сурате як давлати мардумӣ вазифадор аст, ки чунин тасмимеро бо миллат дар миён бигзорад, чун тасмими бисёр сарнавиштсоз аст. Пешниҳоди мо ин аст, ки пеш аз додани посухи қатъӣ ба Медведев дар Тоҷикистон ҳамапурсӣ (референдум) баргузор шавад ва ҳамаи мардуми Тоҷикистон раъй бидиҳанд, ки оё мехоҳанд сарзаминашон зери сайтараи низомии Русия бимонад ё на. Ҳамапурсӣ бояд шаффофу мунсифона бошад ва бар пояи усули байнулмилалӣ ва таҳти назорати ғайримуғризонаи байнулмилалӣ анҷом бигирад. Ин тасмим аз доираи салоҳиятҳои маҷлис ҳам берун аст ва бояд тавассути мардуми Тоҷикистон иттихоз шавад. Як давлати демукротик ва мардумӣ ҳатман дар ин бора ҳамапурсӣ баргузор мекунад, то дар китобҳои торих сияҳном нашавад. Муҳимтар аз ҳама, ба поси истиқлоли Тоҷикистон бояд назари мардуми ин сарзамини мустақил пурсида шавад.

Ба умеди пирӯзии Тоҷикистон

Нуриддин Қаршибоев
Саймиддин Дӯстов
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Аҳмадшоҳ Комилзода
Умед Ҷайҳонӣ
Бобои Сурӣ
Ситора Раҷабова
Бахтиёр Аминов
Эҳсони Аъзамиён
Тоҳири Сафар
Рустами Аҷамӣ
Муҳаммад Кабиров
Дилшод Азимов
Фирдавс Хоҷаев
Алиҷон Раҳимӣ
Камолиддини Тоҷикнажод
Равшани Темуриён
Дориюши Раҷабиён
ва дигарон

_______________________________

1. «Я помню, как еще в начале нулевых годов наши пограничники обвиняли как раз руководство Таджикистана в активном потворствовании наркотрафику, в том, что в Таджикистане есть очень сильные группировки, которые на этом зарабатывают».

2. «По оценкам экспертов, стоимость переданных вооружений и боекомплектов к ним оценивается в сумму около миллиарда долларов».

3. «Так, недавно Душанбе потребовал от Москвы аренду в 300 млн долларов в год, но, разумеется, ничего не добился».

Реклама

Об авторе Умед Ҷайҳонӣ

дабири Анҷумани фарҳангӣ-рӯшангарии «Турон»
Запись опубликована в рубрике Uncategorized. Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s