УМЕД ҶАЙҲОНӢ: МО ҲАНӮЗ ДУР АЗ МИЛЛАТ ШУДАН ҲАСТЕМ

umedi-jaihoni

Санаи 23-юми май дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон эълон шудааст.

Ҳамасола дар ин рӯз ҳукумати кишвар чорабиниҳои аслан тағиботиро амалӣ мекунад. Имсол  ҳам дар назар аст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як мулоқоти хосе бо намояндаҳои ҷавонони мамлакат баргузор кунад.

Шаҳрдории пойтахт  муддати 10 рӯз, шуруъ аз 13-уми май як силсила чорабиниҳои оммавӣ амалӣ карданист. Дар шаҳру навоҳии дигари мамлакат низ чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ пешбинӣ шудаанд.

Мусаллам аст, ки дар ин чорабиниҳо на ҳама ҷавонони тоҷикистонӣ, бинобар сабабҳои гуногун ширкат варзида метавонанд.  Дар ҳоле, ки аксарияти ҷавонони кишвар дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд,

Тоҷнюс тасмим гирифт, ки бо яке аз ҷавонони маъруфи тоҷик, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон  Умед Ҷайҳонӣ, ки дар муҳоҷират қарор доранду муқими Маскав мебошад,  дар бораи мушкилоти пешорӯи ҷавонони муҳоҷири тоҷик  дар Русия ва интизориҳои онҳо аз Ҳукумати Тоҷикистон нишасти виртуалӣ ё маҷозӣ баргузор кунад.

Киё Умед Ҷайҳонӣ омодаанд, ба суолҳои истифодабарандагони пойгоҳ ҷавоб гуфта, мушкилоти асосӣ ва интизориҳои ҷавонони муҳоҷири тоҷикро барои масъулини ҳукумат ва фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон маълум созанд.

Шумо аз ҳоло имкон доред, суолу бардоштҳои худро рӯи ин саҳфа бикоред. 23-юми май соати 14:00 Умед Ҷайҳонӣ ба онҳо ҷавоб гуфта, бо шумо суҳбати виртуалӣ меорояд. Натиҷаҳои ин суҳбат ба масъулини зирабти ҳукумат пешниҳод хоҳанд шуд.

Сорбон 9 май, 2013 — 12:31
1. Саволи одди) кай масъала мухочират бартараф карда шуда, чавонони бе занчир пойбанди РуСИЁ ба ватан бар мегарданд?
2. Курсихои болои чаро то хол хомуш? (Об аз боло лой) факат гап, гап, хеч амал наметобад? То кай Огои Путин моро ба луфтакбози меандозад? (Хуб шуд ки карордоди пойгохаш ба парлумон нарасид, ки хатттттто Жириновский онро бахона карда аз минбари боло бо забони дароооз номи точикро сиёх кард)

Умед Ҷайҳонӣ 23 май, 2013 — 14:27
1. Сорбонҷон, бо сипос аз пурсишатон арз шавад, ки муҳоҷират масъалаи иқтисодист ва ба назарам, замоне ҳал хоҳад шуд, ки дар Тоҷикистон давлате (ҳукумате) коромад аз коршиносони иқтисод ва дигар риштаҳо ташкил шавад. Ин ниҳод бояд барномаи ислоҳоти иқтисодӣ таҳия ва амалӣ кунад ва барои корфармоён ва корофаринон имконоту шароитеро фароҳам оварад, то онҳо битавонанд шуғл эҷод кунанд. Ҷавонон агар дар кишвар кору музд дошта бошанд, ҳаргиз берун аз он нахоҳанд рафт. Дар ин бора намешавад мухтасар гуфт, зеро мавзӯест ки бояд як пажӯҳишгоҳ бурду бохташро биёмӯзад ва роҳу чорае барои ҳаллаш пешниҳод кунад. 2. Он курсинишинон, шояд, аз он рӯ хомӯш бошанд, ки намехоҳанд курсиҳояшонро аз даст диҳанд. Шояд, на ҳама масъулин муносиб ба симаташон бошанд ва дар миёнашон коршиносон низ кам набошад. Аммо аҳволу авзои кишварамон маро дар ин гумон устувор медорад, ки масъулин куллан парвои мардуму кишварро надоранд ва бештар манофеи худро бартар аз манофеи миллат медонанд. Дар 20 сол бештар аз ин мешуд пеш рафт. Тоҷикистон на ин ки пеш нарафт, балки дастовардҳои замони Шӯравияшро низ аз даст дод.

 

Asror 14 май, 2013 — 22:28
1) Charo hukumati tojikiston huquqhoi shahrvandoni muhojiri xudro himoyat karda nametavonand? 2) kiro dar prezidenti oyanda didan mexohed?

Умед Ҷайҳонӣ 23 май, 2013 — 16:09
1) Асрори арҷманд, то ҷое ки ман аз амалкарди Сафорати Тоҷикистон дар Русия огоҳам, ин ниҳод кӯшишу талош дорад, ки аз шаҳрвандони муҳоҷири Тоҷикистон пуштибонӣ кунад. Аммо ин талошҳо чандон муассир нестанд, зеро афзун бар камбудҳои намояндагиҳои сиёсии кишварамон, муҳоҷирон худ низ ҳуқуқашонро дуруст намедонанд, то аз он истифода кунанд. Аз дигар сӯ, бояд пазируфт, ки кишварамон худ сусту нотавон аст ва наметавонад аз шаҳрвандонаш низ пуштибонӣ кунад. Кишвар замоне метавонад аз шаҳрвандонаш пуштибонӣ кунад, ки давлати миллӣ дошта бошад. Бадбахтона, давлати Тоҷикистон камтар парвои шаҳрвандонро дорад. Ҳамзамон, бояд ёдоварӣ кард, ки ноогаҳии муҳоҷирон аз ҳуқуқашон ба нафъи табаҳкорону бегонаситезон низ ҳаст. Бинобар бархе додаҳо, Русия аз кори муҳоҷирон даромади ҳангуфте ба даст меорад. Аммо суде, ки гурӯҳҳои созмонёфтаи табаҳкорон аз кори муҳоҷирон ба даст меоранд, аслан, шумурда нашуда ва шумурданӣ ҳам нест.2) Ман аз вазъе, ки имрӯз кишварамон дорад, чунин натиҷа гирифтаам, ки шояд, беҳтар он бошад, ки низоми Тоҷикистон ҷумҳурии парлумонӣ бошад, то ҳар раисҷумҳуре худро шоҳу табъашро вазир напиндорад.

Кукан 17 май, 2013 — 12:20
Чаноби киё Умеди Ҷайҳонӣ, банде михостам бе йе суолам посух бидахид, бе нахве ахсан данестане «забане парси’ (бе коуле Шумо дар авазе забане тачики) дар раванде мухачерате шахрвандане Точекистан бе кешвархае пасошурави че амехае мусбат даште митаванад. Чара ЧИЭ мухачерате карии чаванане тачикра бе Иран рахандази немиконад?

Умед Ҷайҳонӣ 23 май, 2013 — 16:11

Сипосгузорам аз суолатон, оқои Кукан. Чунон ки медонед, забон донистан ҷаҳон донистан аст. Ман порсиву тоҷикиро як забон медонам, ки бо ду дабира навишта мешавад. Манзурам низ забони навишторӣ аст, на гуфторӣ, ки дар ду деҳистон бо ҳам тафовуте дорад, чӣ расад ба кишварҳоямон. Аз ин рӯ, донистани забони порсӣ, бавижа, забону дабираи меъёраш, муҳим аст. Вале бояд дид, ки ин забон дар ин ё он кишвари пасошӯравӣ чӣ ҷойгоҳу корбурде дорад. Масалан, дар Русия, ки нисбат ба дигар Ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин бештарин ҳамкорӣ бо Эрону Тоҷикистону Афғонистонро дорад, донистани забони порсӣ метавонад барои муҳоҷир судманд бошад. Аммо инро ҳам бояд дар назар дошт, ки забони порсӣ дар Русия дар 18 – 20 донишгоҳ омӯзонда мешавад ва порсиомӯхтагон дар ин кишвар кам нестанд. Аз он ҷо, ки онҳо забони меъёри Эронро меомӯзанд ва он бо забони меъёри Тоҷикистон тафовутҳое дорад, на ҳар тоҷике метавонад бо инҳо дар бозори тарҷума рақобат кунад. Аз дигар сӯ, агар масалан, 10 – 15 сол пеш бештари мутарҷимони намояндагиҳои сиёсиву фарҳангиву тиҷории Эрону Афғонистон дар кишварҳои ҳамсуд тоҷикон буданд, инак, ин вазъ тағйир карда ва русиомӯхтагони эрониву афғонистонӣ худ дар ин ниҳодҳо истихдом мешаванд. Вале бояд ёдовар шуд, ки теъдоди ширкатҳои русие, ки бо кишварҳои порсизабон ҳамкорӣ мекунанд, бисёр кам аст ва агар ҳам бо Тоҷикистон ҳамкорие доранд, забони номанигориву доду ситадашон русист, на порсӣ. Инро, ки чаро Ҷумҳурии исломӣ муҳоҷирати кории ҷавонони тоҷикро ба Эрон роҳандозӣ намекунад, бояд аз сарони ин ду кишвар пурсид. Аммо то ҷое, ки ман аз аҳволу авзои Эрон огоҳӣ дорам, бекорон дар миёни ҷавонони эронӣ низ бисёранд ва давлати ҶИЭ наметавонад барои онҳо коре пайдо кунад, чӣ расад ба муҳоҷирон. Аз дигар сӯ, давлати Тоҷикистон низ чандон моил нест, ки ҷавонон Эрон бираванд, зеро ба гуфте, ҳарос дорад, ки онҳо дар он кишвар мазҳабӣ шуда бармегарданд. Аммо ба назарам, ин тарс бепоя менамояд.

Иброхим 21 май, 2013 — 14:30

Мухтарам Умед ба чанд савол чавоб меодед:
1. Андешаи Шумо нисбати чавоное,ки имруз дар ваъзияти сангини кишвару миллат, аз миллати хеш руй метобанду худро кафкози ва ё ирони метарошанд ва ё пайваста худро бо номи махалашон муариффи карда дар хама чо пайваста таъкид мекунанд ки онхо точик нестанд ва хеч гох точик набуданд. 2. Барои чи дар кисмхои Бадахшони Афгонистон, Покистон, Чин мардум хешро точик мехисобанду ва он кисми Бадахшон,ки зери тасаруффии Русияи шохи гузашт пайваста масъали мансубияти милли сокинони он зери суол гузошта мешавад.(Хусусан матбуоти рус оиди ин мавзу пайваста хангомахо мехезонад) 3.Сабаби ба ин рузхои тира гирифтор шудани миллати мо шояд он бошад, ки марказхои мукаддаси хуро Самарканду Бухоро аз даст додему онхоро дифо карда натавонистем.Фикри Шумо дар ин бора чи?

Умед Ҷайҳонӣ 23 май, 2013 — 19:57
Сипосгузорам аз ин суолатон, киё Иброҳим.1. Воқеан, аз мушкилоти ҷавонон якеш ҳамин камбуду норасоии худшиносӣ аст. Ман чунин ҷавонҳоро дар Маскав дучор шудаам ва ин суолро низ аз бархешон пурсидаам. Мегӯянд, ки тоҷик ин ҷо обруе надорад ва ҳар касе метавонад озораш диҳад. Воқеан чунин ҳам ҳаст, вале ин далел намешавад, ки кас аз хуну табораш рӯй гардонад. Рангу рӯйро мешавад тағйир дод, вале хуну хӯйро на. Аммо қафқозиҳо низ дар Русия чандон хушном нестанд, ки бишавад аз онҳо тақлид кард ва ё худро монандашон сохт, чунон бисёре аз ҷавононамон чунин мекунанд. Инҳо гумон доранд, ки агар худро қафқозӣ бинамоёнанд, касе ҷуръат намекунад озорашон диҳад. Инро дар зистшиносӣ “мимикрия” мегӯянд, ки ҳарчанд барои ҷонварон хубу шоиста аст, аммо инсонро намешояд. Бояд кӯшиш кард худро ва табъан миллати худро бо кирдору пиндору гуфтори нек ба бегонагон шиносонд.

2. Мардуми Бадахшон ё дурусттар гӯем, Помир низ тоҷик аст, ҳарчанд порсизабон нестанд. Тоҷикон чи порсизабон бошанд ва чи дигарзабон, ҳама як хуну як хоку як Худо доранд. Ин ки бархе аз ҷавонони помирӣ худро “тоҷик” намешуморанд, аз камбуду норасоии худшиносияшон аст. Ин ҷавонон худро то ҳамин поя шинохтаанд ва фаротар аз он ҳанӯз нарафтаанд. Бегонагон ҳам то метавонанд аз ин нодониву хомии ҷавонон баҳра меҷӯянд ва гаҳу ногаҳ дам аз ҷудоии Бадахшон ё Помир аз Тоҷикистон мезананд. Русизабонии бархе аз ҳамшаҳриҳоямон низ ҳезум дар оташи ҷунуни он бегонагон меандозад. Вале то ҷое ки ман дидаву шунидаам, ин гуна хештаннашносон дар ҷомеа камтаранд ва асаре низ бар дигарон надоранд, ҳарчанд расонаҳои русӣ онро бузургнамоӣ мекунанд.

3. Ман низ бар ин гумон устуворам, ки аз даст додани Бухорову Самарқанд ва дигар шаҳру сарзаминҳои фарҳангзоямон барои мо бузургтарин бохт дар торихамон аст ва ин ҳама бадбахтиву сияҳрӯзиямонро як далелаш низ ҳамин аст. Дар ин 90 сол, ки аз он шаҳрҳо ҷудо шудаем, ҳам фарҳанги шаҳрнишиниро аз даст додем ва ҳам аз пояи миллат бар ҷойгоҳи поинтаре афтодем. Ин мавзӯъ дар пажӯҳиши устодон Рустам ва Шариф Шакуриён “Осиёи Марказӣ: даромаде бар рӯҳиёти мардум” мӯшикофона баррасӣ шудааст ва беҳтар аз он бузургворон низ наметавон посухе гуфт.

 

Фируз 23 май, 2013 — 11:06

Дуруд. Ман мехостам аз Умед Чайхони як чизро пурсам, ки ба назари Иброхим Усмонов чи мегуянд: Дар бораи ин ки эронпарасти — точикпарасти нест. Эрони имруза он нест, ки мо медонистем. Ман тарафдори фикри Иброхим Усмонов хастам, ки бояд мо точик бошем. Эрони имруза мардумаш бигзор эрони бошанд. харчанд инхо як реша доранд ё не. Ба фикрам гузаштаро бояд салавот хонд ва точик шуд. Дар бораи бахси ин ки мо аввалтар точикем ё мусалмон чи назар доред. Ман фикр мекунам, ки динро ба миллат (кавм — манзур он чи дар паспорти точики навишта шудааст) мукоиса кардан аблахист. Миллати точик бояд дар худ мусалмон, насрони, узбак, киргиз, чухуд…. гунчонад. Ибораи пурифтихори Миллати точик набояд мардуми Точикистонро тафсил кунад ба кавмхо. Ва бояд тамоми мардуми Точикистон барои сазовори ин ном шудан талош ва аз ин ном ифтихор кунанд. Шумо чи назар доред? 

Умед Ҷайҳонӣ 24 май, 2013 — 03:04
Устод Иброҳим Усмонов назаре вижа ба худашон доранд ва эҳтимолан, бисёре бо вай ҳамназар низ бошанд. То ҷое ки ман дидгоҳи устодро дар ин бора шинохтаам, вай яке аз касонест, ки кӯшишу талош доранд барои тоҷикон ҳувияте ҷудогона бисозанд. Масалан, пофишорияшон бар кириллинавис мондани тоҷикон маъруф аст. Ман ин дидгоҳро чандон хирадпазир намешуморам, зеро бо ин вазъу ҳоле, ки кишварамон дорад ва бо ин давлате, ки бар Тоҷикистон фармонравост, ҳамин миллатеро, ки дар ин марзу бум шакл гирифта, аз миён хоҳанд бурд, чӣ расад ба ин, ки миллате падид оваранд. Миллатро донишмандон падидаи торихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, динӣ, фарҳангӣ донистаанд ва ҳар мардумеро, ки тавониста дар сарзаминаш кишваре бо давлате мустақил падид оварад, “миллат” хондаанд. Аз ин дидгоҳ мо низ миллатем, зеро ториху фарҳангу кишвару давлат дорем ва ин миллат ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Аммо амалан мо ҳанӯз фарсангҳо дур аз миллат шудан ҳастем. Миллатро сарнавишти яксон, ҳамкориҳои гуногунзамина миёни бахшҳои кишвар, роҳҳову рафтуомадҳо ва дигар авомил падид меоваранд, на шиорҳову суханбозиҳо. Аммо ҳарчанд Тоҷикистон имрӯз ҳукумати милливу мардумӣ надорад, вале ҳаргиз набояд истиқлолашро аз даст диҳад. Тоҷикистон набояд ҷузъе аз Эрон ё Русия, ё Чин, ё Туркистон, ё Хилофат шавад. Дигар воқеият ин аст, ки бо чунин низомҳое, ки бар Узбакистон, Афғонистон ва Эрон фармонраво ҳастанд, наметавон умеде ба иттиҳоду бозпайванд бо ҳамтаборонамон дар он кишварҳо дошт. Бинобар ин мо бояд кӯшиш кунем, ки кишварамон давлате шоиста ва коршинос дошта бошад, то битавонем дар сарзаминамон озодона ва оромона зиндагӣ кунем. Аз дигар сӯ, ин ки эронитаборон имрӯз се кишвар доранд, бештар ба судашон аст, то бар зиёнашон. Се кишвар будан дар созмонҳову ниҳодҳои ҷаҳонӣ, яъне се раъй доштан аст ва онҳо бо ин ҳузурашон метавонанд аз манофеи муштаракашон бештар ва беҳтар дифоъ кунанд. Агар ин кишварҳо рӯзе чунон ҳамсуд шаванд, ки битавонанд иттиҳодияи иқтисодӣ низ падид оваранд, бештар ба нафъашон хоҳад буд.

 

Sobir 23 май, 2013 — 14:00
Assalomu alaykum. Barodari aziz sababi fasodzadavu falaj shudani sohai maorif dat tjk dar chiast? 

Умед Ҷайҳонӣ 24 май, 2013 — 03:05
Алейкум салом, Собирҷон. Ин суолро, дарвоқеъ, бояд аз ниҳодҳои додситониву додгустариву мубориза бо фасоду табаҳкорӣ пурсид, ки муваззафанд амалкарди вазоратҳоро бисанҷанд. Аммо як далелаш, ба назарам, бӯҳронест, ки ҳама ниҳодҳои кишвардории Тоҷикистонро фаро гирифта ва амалан кишварро фалаҷ кардааст. 

 

http://tojnews.org: ҶАВОНОНИ МУҲОҶИР АЗ ҲУКУМАТИ ФЕЪЛӢ ЧӢ ИНТИЗОРИҲО ДОРАНД?

Умед Ҷайҳонӣ 24 май, 2013 — 07:55
Ин суъолро аз чандин ҷавон пурсидам ва интизороту посухашонро метавон дар ин як байт аз бузургвор Саъдӣ хулоса кард:
Умедвор бувад одамӣ ба хайри касон,
Маро ба хайри ту умед нест, шарр марасон!
Реклама

Об авторе Умед Ҷайҳонӣ

дабири Анҷумани фарҳангӣ-рӯшангарии «Турон»
Запись опубликована в рубрике Uncategorized с метками , . Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s