Дар сӯги устод Боғшоҳ Лашкарбеков

baghshah-lashkarbekov

Рӯзи якшанбе, 2 феврали соли 2014, устод Боғшоҳ Лашкарбеков – эроншиноси номиву пажӯҳишгари забонҳои эронии шарқӣ – ҷон ба Ҷонофарин супурду моро дар сӯги худ нишонд.

Устод Боғшоҳ Лашкарбеков 66 сол пеш аз ин дар ҳамин рӯз, яъне 2 феврали соли 1948 дар деҳаи Зугванд, аз рустоҳои Вахон, дида ба ҷаҳон кушода буд. Он рӯз ки ӯ зода шуд, падараш аз ҷаҳон даргузашт, аз ин рӯ ба ёди падараш ӯро Боғшоҳ номиданд. Вай пас аз омӯзиш дар дабистони зодгоҳаш соли 1964 шаҳри Душанбе рафт ва донишҷӯи бахши забони фаронсавии Донишкадаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон шуд ва онро дар соли 1969 бо дарёфти донишномаи омӯзгори забони фаронса ба поён бурд. Дар соли 1973 донишҷӯи дуктуро дар Пажӯҳишкадаи забоншиносии Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шуравӣ дар Ленинград шуд ва онро дар соли 1977 бо дифоъ аз рисолаи номзадии улуми забоншиносӣ ба поён расонд.

Ҳамон сол ӯ корманди илмии Бахши забонҳои помирӣ дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон шуд ва ҷустору пажӯҳишашро дар заминаи забонҳои эронии шарқӣ, ба вижа забонҳои помирӣ, ториху фарҳанги мардумони эронитабор ва равоншиносии забон идома дод. Ӯ ҳамчунин дар таҳия ва тадвини Донишномаи шӯравии тоҷик ширкат мекард то ин ки дар соли 1986 барои мутарҷимӣ ба Донишгоҳи пизишкии Кобул даъват шуд. Пас аз бозгашт аз Афғонистон дар соли 1988 то соли 1993 дабири илмии Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон буд. Аммо он сол дар паи ҷанги таҳмилӣ Русия рафт ва чанд гоҳе корманди Бахши фарҳангии Сафорати Эрон дар Маскав буд то ин ки дар соли 1995 донишёри Бахши забонҳои шарқӣ дар Донишгоҳи улуми инсонии Русия шуд. Аз соли 2001 то даргузашташ корманди аршади илмии Бахши забонҳои ҳиндуэронӣ дар Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Фарҳангистони улуми Русия буд ва рисолаи дуктурияшро дар заминаи ториху забоншиносии иҷтимоъӣ ва қавмиву фарҳангии забони вахонӣ омода мекард. Ҳарчанд аҷал ӯро маҷол надод ки ин рисолаашро ба поён расонад, вале устод тавонист чандин шогирдро парвариш диҳад ва умедворем ки онҳо роҳи устодашонро пай хоҳанд гирифт ва корашро ба поён хоҳанд расонд. Аз муҳимтарин ҷустору пажӯҳишҳои устод “Феълҳои вахонӣ дар гузори торих”, “Забони вахонӣ”, “Бозмондаҳои боварҳои бостонӣ дар ҷойномҳои Вахон”, “Ҷусторе дар ториху забоншиносии қавмии мардумони эронизабони Помиру Ҳиндукуши Шарқӣ”, “Асару таъсири равандҳои торихии муҳоҷират ва ҷаҳонисозӣ бар сарнавишти мардумони Помир ва забонҳои помирӣ” ва “Забони ванҷии куҳан” ҳастанд. Шодравон устод Лашкарбеков забонҳои вахонӣ, шуғнӣ, порсӣ, русӣ ва фаронсаро бисёр хуб медонист ва аз миёни гӯишварони ин забонҳо дӯстони бисёре дошт.

Ҳамзамон бо донишвариву забонпажӯҳӣ, устод Боғшоҳ Лашкарбеков аз соли 1998 то даргузашташ раҳбари созмони “Нур” низ буд ки яке аз кӯшотарин созмонҳои иҷтимоъии муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ва посдору густарандаи ҳунару фарҳанги тоҷикон дар Русия аст. Дастандаркорону дастпарварони ин созмон дар бисёре аз ҳамоишҳои илмиву фарҳангӣ ва ҷашнвораҳои шаҳриву кишварӣ аз Тоҷикистон намояндагӣ кардаву бо донишу ҳунари худ тоҷиконро обрӯманд кардаанд. Ин созмон дар нигаҳдории худшиносии милливу мазҳабии муҳоҷирони тоҷик нақше муҳим дорад.   

Устод Боғшоҳ Лашкарбеков марде бисёр хушрафтору некпиндору ширингуфтор буд. Меҳандӯстиву мардумнавозӣ ва хоксориву меҳрубонии ӯ дар миёни ошнову бегона забонзад аст.

Даргузашташро бар хонаводаву хешу табору дӯстону ҳамкорону шогирдонаш таслият мегӯям ва аз Худованд барои ҳама сӯгдоронаш шикебоиву бурдборӣ хоҳонам. Худованд биёмурзадаш ва дар биҳишт ҷояш диҳад. Равонаш шод бод!  

Умед Ҷайҳонӣ

 

Реклама

Об авторе Умед Ҷайҳонӣ

дабири Анҷумани фарҳангӣ-рӯшангарии «Турон»
Запись опубликована в рубрике Uncategorized. Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s