Худсолории кишвар ва забони миллӣ

Дар кишвари худсолор истилоҳоти расмии коргузории давлату ҳукумат бояд вожаҳои забони миллӣ бошанд. Корбурди истилоҳоти бегонае чун конститутсия, суд, прокуратура, милитсия, полковник, генерал дар коргузории давлату ниҳодҳояш ҳаргуна сухан аз истиқлолро лофу беҳуда мегардонад.

Ҳар касе аз худсолории Тоҷикистон сухане мегӯяд, бояд истилоҳоти тоҷикии қонуни асосӣ, додгоҳ, додгустарӣ, шаҳрбонӣ, сарҳанг, солор ва дигарҳоро ба кор барад.

Худсолории кишвар аз бозгӯии андешаи кишвардории миллӣ ба забони миллӣ оғоз меёбад.

Запись опубликована в рубрике Забони порсӣ, вожагузинӣ с метками , . Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Оставьте комментарий