Таҳморо

Таҳморо (форсӣ: تهم‌آرا) — дараҷае афсарӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз сарвашт ва болотар аз таҳмдор мебошад; лейтенанти калон[1].

Таҳморо
Tajikistan-Army-OF-1c.png

Сардӯшии таҳмбон дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон
Кишвар  Tajikistan
Нерӯ Артиш
Кӯтаҳнивишт форсӣ: تهم‌آرا‎‎
Ҳамто дар НАТО[en] OF-1
Дараҷаи болотар Сарвашт
Дараҷаи поинтар Таҳмдор
Дараҷаҳои баробар
Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Таҳмдор
Emblem of Tajikistan.svgТаҳморо Дараҷаи болотар:
Сарвашт

Таҳмбон дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳии таҳмро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду ё чанд рада ташкил шуда ва бахше аз вашт аст; даста[2], взвод[3].

Вожашиносӣ

«Таҳморо» аз ду вожа сохта шудааст: таҳм + оро. Мақулаи дастурии ин вожа исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (таҳм) + асоси замони ҳозираи феъли «оростан» (оро) < порсии миёна: ārāy < порсии бостон: *ā-rāda- < √*rād-омода карданоростантартиб додан’][4] аст. Дар сохти ин вожа аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

«Таҳморо» дар қиёс бо сипоҳоро ва лашкароро сохта шудааст, ки аз вожаҳои куҳани форсӣ ҳастанд. «Оростан» дар ин вожаҳо ба маънои «назму тартиб додан; омода кардан; сомон додан» аст[5].

«Сипаҳоро : сипоҳоро» дар фарҳангҳо «орояндаи сипоҳон ки сипоҳ омода кунадфармондеҳи сипоҳсипаҳсолор»[6] ва «сипоҳороӣ» «назм додан ба нерӯи низомӣ»[5] таъбир шудаанд.

«Сипаҳоро» ба маънои «фармондеҳи сипоҳ» дар ашъори Фаррухӣ ба кор рафтааст:

Ба теғи он сипаҳорой нест хоҳад шуд,
Ҳар он касе ки намояд бад-ин мулк исён.

«Лашкароро» низ дар фарҳангҳо «орояндаи лашкармуназзамкунандаи лашкарсардори лашкар»[6], «лашкаророяндаороишдиҳанда ва назмдиҳандаи лашкарфармондеҳи лашкар» ва «лашкаророӣ» низ «амали назму тартиб додан ба лашкар ва омода кардани он барои ҷанг бо душман» таъбир шудаанд[5].

«Лашкароро» ба маънои «фармондеҳи лашкар» борҳо дар «Шоҳнома» ба кор рафтааст:

Бад-ӯ гуфт Нӯзар, ки «Ин рой нест,
Сипаҳро чу ту лашкаророй нест[7].

Таҳморо ба маънои «фармондеҳи таҳм» аст ва дар қиёсу пайравӣ аз таҳмдор сохта шудааст.

Пешина

Таҳмдор ҳамчун симати низомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224 милодӣ) пайдо шудааст. Чунончи, дар сафолнавиштаҳои ашконӣ аз солҳои 40-уми пеш аз милод, ки аз бойгонии шаҳри бостонии Нисо бозёфт шудаанд, истилоҳи «таҳмдор» (паҳлавӣ: tgmdr [tagm(a)dār]) бозхонӣ шудааст. Пажӯҳишгарон онро рӯбардор аз истилоҳи юнонии бостони τάγματάρχης ё τάγματάρχος «фармондеҳи тагма» донистаанд: паҳлавӣ: tagmadār > лотинӣ: tagma «легион» (> юнонии бостон: τάγμα «радабахше аз сипоҳҳанг») + паҳлавӣ: -dār «дорандафармондеҳ»[5].

«Тагма» дар сипоҳи подшоҳии Руми Шарқӣ ягоне номида мешуд, ки 100 — 500 сарбозро дар бар мегирифт[6]. Ин истилоҳ дар паи ҷангҳои доманадори Руму Эрон дар замони Ашкониён аз румиён вом гирифта шуда ва дертар бо вожаи паҳлавии «taxm» ‘нерӯманддиловардалерчобук’ (> эронии бостон: *taxma- > *tak- ‘тохтандавидан[7] < порсии миёна: tḥmy [tahm] > форсӣ: تهم[таҳм]зӯрмандпаҳлавон[8]) инҳамон ва бо «нерӯ» мутародиф гаштааст.

Дар сипоҳи Сосониён (224—651 милодӣ), ки созмони радабандии даҳдаҳиро аз сипоҳи Ашкониён ба ирс бурда буд[9], низ яке аз ягонҳо «таҳм» (порсии миёна: tḥmy) ном доштааст[10]. Ҳар таҳме 50 — 100 сарбозро дар бар мегирифта ва аз чанд «рада» (порсии миёна: radag) ташкил мешуда, ки ҳар кадоме 10 сарбоз доштааст[11].

Бино бар ин пешина ва додаҳо, «таҳм» ба ҷои «взвод» ва «таҳмдор» ба ҷои «лейтенант» (аз олмонӣ: Leutenant > фаронсавӣ: lieutenant «ҷонишин; муъовин») ва дар пайравӣ аз он вожаҳои «таҳмдор» ва «таҳмовар» сохтаву барои ҷойгузинии дараҷаҳои низомии «лейтенанти калон» ва «лейтенанти хурд» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[12].

Манобеъ:

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
  2. Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. — с. 107
  3. Коллектив авторов. Том 2, статья «Взвод» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 1994. — С. 85. — 544 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00299-1.
  4. Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0. – с. 85.
  5. Лившиц В. А. Парфянская ономастика. — СПб.: — Петербургское лингвистическое общество, 2010. — 400 с., ил. — (Азиатика). ISBN 978-5-4318-0006-1. — сс. 13; 223
  6. Ҳамакнун ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Юнон гурдон ба забони юнонӣ «τάγμα» ва саргурд ё майор «τάγματάρχης» номида мешаванд.
  7. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Зери назари Баҳман Саркоротӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 964-7531-28-1. — с. 75
  8. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, саҳ. 354—355
  9. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2-5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  10. Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos)
  11. Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449—451 гг. Кампании и сражения.- Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360—464.
  12. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
Запись опубликована в рубрике артишдорӣ, дараҷаҳои низомӣ с метками , , , , . Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Оставьте комментарий