Вожасозӣ: оккупация = occupation = окапидан

Намунае аз тавонмандии вожасозии илмии забони мо бо баҳрагирӣ аз ҳамреша буданаш бо забонҳои урупоӣ:

оккупация = occupation = окапидан occupation < инглисии миёна: occupacioun < фаронсавии миёна: occupation < лотинӣ: occupātio < occupō (“гирифтан, ситондан”) < ниёҳиндуурупоӣ: *keh₂p- “гирифтан” > ниёэронӣ: *kap- “қапидан, гирифтан, нигаҳ доштан, дар бар гирифтан, пӯшондан” > форсӣ: капидан “бардоштан, бар гирифтан; рабудан, дуздидан”.

Яъне оккупация бо қапидан ҳамреша аст ва капидан гунаи куҳантари қапидан аст. бо афзудани пешванди о- ба капидан метавон ОКАПИДАН сохту дар баробари оккупация : occupation ниҳод ва чунин таъриф кард:

Окапидан [улуми низомӣ] : тасхир ва вопоиши минтақае бо иҷрои амалиёти низомӣ.

Бингаред «капидан» дар «Луғатномаи Деҳхудо»

Запись опубликована в рубрике Забони порсӣ, вожасозӣ с метками , . Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Оставьте комментарий