Размсозон

Прапоршикҳо дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дастае аз низомиён ҳастанд, ки дараҷае болотар аз сержантҳо (размоварон) ва поинтар аз лейтенантҳо (таҳмдорон) доранд ва ёварони афсарон ҳастанд. Ба ҳамин далел онҳо дар бархе аз кишварҳо «афсарёр» номида мешаванд.

Дараҷаи прапоршикӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ду рутба дорад [Қонуни ҶТ]:

  1. прапоршик
  2. прапоршики калон

Мақоми созмонии (штатная должность) прапоршикҳо маъмулан «меҳтари вашт» (старшина роты) аст [Ойинномаи хидмат] ва онҳо кормандони хадамоти омод (материально-техническое обеспечение) ва корпардозони омодгоҳ (тыловое обеспечение) ҳастанд ва масъулияти омодасозии сарбозону размафзору ҷангафзорҳоро бар уҳда доранд [Ойинномаи инзиботӣ].

Меҳтар мақоме расмӣ дар ҳар вашт (оташбор) аз нерӯҳои мусаллаҳ аст, ки созмондиҳандаи мустақими назму тартибот дар маҳалли истиқрори вашт ва сардори мустақими размоварону сарбозони ягони худ аст.

Омод (آماد āmād < *ā-māta < √*1mā- санҷидан, андоза гирифтан, оростан; сохтан’ [Ҳасандӯст, 1:108]) дар улуми низомӣ чунин таъриф шудааст:
1. маҷмуъае аз чораҳо барои таъмини ниёзи нерӯҳо ба афзоргон, таробарӣ, хӯрок, пӯшок ва дигар пешниёзҳо ба манзури нигаҳдошти омодагии размӣ ва тавоноии онҳо барои анҷоми маъмуриятҳо ва вазоифи ҳаррӯзаашон аз роҳи тарроҳӣ, тавсеъа, фароҳамсозӣ, анбориш, интиқол ва тавзеъи маводу колоҳо, ҷобаҷоӣ, тахлия ва бистарӣ кардани нерӯҳо дар сурати лузум;
2. фароҳамсозӣ, сохту нигаҳдорӣ ва ҷобаҷоии таҷҳизот ва хадамотрасонӣ дар заминаҳои моддӣ, таробарӣ, муҳандисии фурудгоҳӣ, фаннӣ-ҳавопаймоӣ, пизишкӣ, домпизишкӣ, хариду фурӯш, хонаву иқомат ва дороӣ [Ҳазорвожа, 1392:46].

Омодгоҳ ё «служба тыла» созмоне дар артиш аст, ки масъули фароҳамсозӣ, нигаҳдорӣ ва таҳвили хӯроку пӯшоку ҷангафзорҳои мавриди ниёзи ягонҳост; маҳалли анҷоми хадамоти пуштибони фаннии нерӯҳо [Фарҳангнома, 1:91].

Бо таваҷҷуҳ ба мақоми созмонӣ ва масъулияти ин низомиён, ду вожаро барои ҷойгузинии рутбаҳои прапоршикӣ пешниҳод мекунем:

  1. прапоршик = размпардоз
  2. прапоршики калон = размсоз

Ин вожаҳо аз «разм» ‘ҷангнабардпайкор’ сохта шудаанд, ки он дар порсии миёна низ «razm» ва дар эронии бостон «*raźman ороиши ҷангӣ’ буда, ки дар «Авесто» чун «rasman-» ‘ороиши ҷангӣ, рада’ омада ва решааш √*raź— ‘оростантартиб доданназм доданидора кардан’ аст [Ҳасандӯст, 3:1442]. 

«Размпардоз» аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии он исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + асоси замони ҳозираи феъли «пардохтан» (пардоз) аст. Дар сохти ин вожа аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст:
разм + пардоз (форсӣ: پرداز‎ < порсии миёна: pardāz : pardāxtan пардохтан, анҷом додан’ < порсии бостон: *para-tāča- < √*tak-тохтан’)] [Ҳасандӯст, 2:654].

Ин вожа низ дар осори адабии форсӣ ба маънои «разманда, ҷанговар» ба кор рафтааст. Чунончи, Ҳусайн Воизи Кошифӣ онро дар «Тафсири Ҳусайнӣ» овардааст:

Зи як ҷониб гурӯҳе размпардоз,
Зи дигар сӯй ҷамъе дар таку тоз.
Дар уфтоданд ҳамчун шери ғуррон,
Ба гурзу найзаву шамшери буррон.

Аз ин рӯ, «размпардоз» дар қиёс бо «корпардоз» ба маънои «размпардозанда; яъне корпардозе, ки сарбозону размафзорҳоро барои ҷанг омода мекунад» баробар бо прапоршик гирифта шуда, ки мақоми созмонии ин низомиёнро дар силсиламаротиби низомӣ бозтоб медиҳад.

«Размсоз» низ аз ду бахш сохта шудаву мақулаи дастурии он исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + асоси замони ҳозираи феъли «сохтан» (соз)] аст. Дар сохти ин вожа аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст: 
разм соз  (форсӣ: ساز‎ < порсии миёна: č : sāxtan сохтан, омода кардан, тартиб додан’ < порсии бостон: *sāča- < √*sak-омода будан, тавонистан’)] [Ҳасандӯст, 3:1636].

«Размсоз» таркибе аз «разм сохтан» ба маънии «омодаи ҷанг шуданасбоби разм сохтанфароҳам овардани абзори ҷангба ҷанг пардохтанҷанг карданразм карданҷангидан» аст ва ба маънии «ҷанговарсипоҳӣсозандаи ҷангомодакунандаи набард» дар осори куҳани адабии форсӣ бисёр ба кор рафтааст [Фарҳанг, 2:116]. Чунончи, Фирдавсӣ ин вожаро борҳо ба кор бурдааст:

Биёмад ба наздики ман размсоз,
Чу пили дамон бо каманди дароз
 [Шоҳнома, 1:315].

Биёбон гирифтанду роҳи дароз,
Ҳама шуд чунон лашкари размсоз
 [Шоҳнома, 4:253].

«Размсоз» барои ҷойгузин кардани дараҷаи «прапоршики калон» ба Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда аст [Ҷайҳонӣ].

Манобеъ:

1. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2007. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ISBN 978-99947-32-84-5.

2. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол, https://dehkhoda.ut.ac.ir) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ».

4. Ойинномаи хидмати дохилии Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Ойинномаи инзиботии Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969.

7. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.

8. Фарҳангномаи форсӣ: вожагон ва аълом. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1388. — 3 ҷилд. ISBN: ҷ. 1: 978-964-8637-92-2; ҷ. 2: 978-964-8637-89-2; ҷ. 3: 978-964-8637-91-5.

9. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6.

10. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной

Запись опубликована в рубрике артишдорӣ, вожагузинӣ, вожасозӣ, дараҷаҳои низомӣ с метками , , . Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Оставьте комментарий